Дар Тоҷикистон ҷавонон баъди издивоҷ мехоҳанд, ки дар фурсати кӯтоҳ ҳадди ақал соҳиби ду фарзанд шуда, аз хидмат дар артиш озод шаванд. Ин ҳарфҳо охири ҳафтаи гузашта дар як нишасте баён шуд, ки дар онҷо гузориши солонаи Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳидро муаррифӣ карданд.
Бар асоси гузориш мизони таваллуди фарзанд дар кишварҳои дунё ба се табақа – хеле боло, миёна ва поин – тақсим шудааст.
Сарвиноз Ғаниева, як масъули Маркази миллии солимии репродуктивӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “таваллуди фарзанд дар фосилаи кӯтоҳ дар солҳои аввали хонадорӣ чанд сабаб дорад. Яке аз сабабҳо надонистани маводи ҳозиразамони пешгирандаи ҳамл аст. Сабаби дигар, ҷилавгирӣ аз хидмати мардҳои хонавода дар артиш аст.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Бисёрие аз оилаҳо 3-фарзандӣ доранд"
Ҳамчунон гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон занҳои қобили таваллуд тақрибан ихтиёри таваллуд кардан ё накарданро дар даст надоранд. Таваллуди фарзанд ё худдорӣ кардан бо хости шавҳар ё хушдоман сурат мегирифтааст.
Аммо, дар ҳар сурат, ҳисоби миёнаи фарзандон дар оила дар муқоиса бо солҳои 80-уми қарни гузашта аз 6 нафар то ба 3 нафар поин омадааст. Танҳо 5 дар сади занон дар Тоҷикистон, хоҳиши таваллуди фарзанди чаҳоруму панҷум ва аз он зиёдро доштаанд.
Тавре мушоҳида мешавад, мушкили иқтисодӣ аксари оилаҳои ҷавонро водор кардааст, ки дар масъалаи миқдори фарзандон андеша кунанд. Акбаралӣ, як ҷавони тоҷик, ки дар садади бунёди оила аст, гуфт, бо таваҷҷуҳ ба онки кори чандон сердаромад надорад, мехоҳад соҳиби 2 фарзанд бошад.
"Дар шароити ҳозира тарбияи фарзанди бисёр мушкил аст ва мехоҳам фарзандонро хуб тарбия кунам", - афзуд ӯ.
"Як села бача"
Мисли Акбаралӣ аксар ҷуфтҳои тоҷик, дигар мисли солҳои пеш бартарӣ намедиҳанд, ки дар иҳотаи "як села бача" бошанд ва мегӯянд, ки тарбияи фарзанди зиёд кори осон нест.
Гузориши солонаи Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Нирӯи интихоб” охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе муаррифӣ шуд ва вазъи интихоби банақшагирии таваллуд ва оиларо дар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кард. Бар асоси ин гузориш мизони таваллуди фарзанд дар кишварҳои дунё ба се табақа – хеле боло, миёна ва поин – тақсим шудааст.
Рустам Тоҳиров, корманди Бунёди нуфуси СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, “дар ин гузориш раванди афзоиш ва поиншавии мизони таваллуд дар дунё тасвир шудааст. Дар баъзе минтақаҳо мизони таваллуд поин рафта ва дар баъзе гӯшаҳои дунё афзоиш ёфтааст.”
"Ҳар сол на кам аз 200 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад"
Дар Тоҷикистон тақрибан 20 соли боз сиёсати танзими оила фаъол аст. Ҳоло бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз 2 то 4 фарзанд доранд.
Аммо айни замон Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз назари суръати таввалуд дар мақоми аввал аст, чун дар кишвар солона на камтар аз 200 ҳазор кӯдак таввалуд мешавад ва ба ибораи дигар, ба аҳолии Тоҷикистон ҳар панҷ сол як миллион нафар изофа мешавад.
Шумораи аҳолии Тоҷикистон имсол ба 9 миллион нафар расид. Баъзе аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистонро барои кишвар хатарзо баҳогузорӣ мекунанд. Аммо теъдоде аз коршиносони дигар афзоиши аҳолӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд, назири Тоҷикистонро бартарӣ барои ояндаи начандон дур унвон мекунанд.