Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҷассамаи баҳсбарангези Ислом Каримов пардабардорӣ шуд. ВИДЕО


Ҳайкали Ислом Каримов дар Маска
Ҳайкали Ислом Каримов дар Маска

Дар арафаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тошканд дар яке аз майдонҳои марказии Маскав муҷассамаи Ислом Каримов, раҳбари аввалини Узбекистони соҳибистиқлол, қомат афрохт.

Як мақоми шаҳри Маскав рӯзи 18-уми октябр дар ин маросим гуфт, “касе абадӣ зинда намемонад, вале марде, ки дар хотирҳо мемонад, хушбахт аст. Ин суханон ба фарде бахшида шудаанд, ки ҳаёти худро мисли аввалин президенти Узбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов ба мардум бахшидааст.”

Ислом Каримов даҳсолаҳо ба поймол намудани ҳуқуқи башар муттаҳам мешуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муҷассамаи Ислом Каримов дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Пешниҳоди гузоштани ҳайкал соли 2016 матраҳ шуд. Он замон майдон номи Ислом Каримовро гирифт. Аммо ин пешниҳод бо мухолифат рӯ ба рӯ шуд. Беш аз 7 ҳазор нафар дар санаде имзо гузошта, талаб карданд, ки Маскав барои ҳайкали Каримов ҷойи муносиб нест.

Мухолифин ба мақомоти Маскав хотирнишон кардаанд, ки дар худи Узбекистон ҳам мероси Ислом Каримов бознигарӣ мешавад.

Андрей Морев, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Маскав гуфт, “сокинони зиёде Каримовро диктатор мешуморанд. Ӯ зидди мардуми кишвараш ва зидди забони русӣ кор кардааст. Дар давраи ҳукмронии ӯ аксари русзабонҳо ин кишварро тарк кардаанд. Дар Русия гузоштани муҷассама ба ин хел шахс мушкили зиёд эҷод мекунад”.

Ҳайкалтароши бритониёӣ Пол Дей бо Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов
Ҳайкалтароши бритониёӣ Пол Дей бо Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов

Муҷассамаро ҳунарманди бритониёӣ Пол Дей сохтааст. Ӯ, ҳамчунн, муаллифи муҷассамаи маъруфи "Макони мулоқот" дар истгоҳи роҳи оҳани Сант Панкраси Лондон мебошад.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Дей хоҳиш карданд, ки аз бунёди муҷассама худдорӣ кунад, зеро Каримов дигарандешони сиёсиро дар зиндонҳо азобу азият медод. Дей дар ҷавоб гуфт, ки ӯ ҳунарманд аст, на сиёсатмадор.

Дар поёни чорабинии пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Каримов дар Маскав, мансабдорон майдонро тарк карданд ва мухолифин имкон ёфтанд, ки гулчанбарашонро дар зери муҷассама гузоранд. Дар он навишта шуда буд, ки “Маскав ҷойи муносиб барои диктаторҳо нест”

Ислом Каримов аз соли 1989 раҳбари Узбакистон буд ва дар тӯли 27 соли раҳабрӣ салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ва хадамоти амнияти ин кишвар афзуда, ҳуқуқи башар ба таври густурда нақз шудааст. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар даврони раҳбарии Каримов мухолифони сиёсии ӯ саркӯб шуда, аз шиканҷа ва ҳангоми ҷамъоварии пахта аз меҳнати маҷбурӣ фаровон истифода мегардид.

XS
SM
MD
LG