Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон баъди зиёрати Самарқанд ба Душанбе баргашт. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – бо зиёрати Самарқанд ба сафари давлатиаш ба Узбекистон хотима бахшид ва баъди зуҳри 18-уми август ба Душанбе баргашт.

Мирзиёев гуфт, дар ҳамкориҳои ду кишвар паҳлӯҳои хеле зиёди дастнохӯрда ҳастанд, ки бояд дар ин самт корро тавсеа бахшанд.

Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мақбараи Амир Темур ва Ислом Каримов дуову фотиҳа карда, аз осорхонаи “Афросиёб” ва маҷмааи Регистон дидан намудааст. Дар аксҳои нашркардаи хадамоти матбуотӣ дида мешавад, ки президент Раҳмонро дар ин сафар Шавкат Мирзиёев ҳамроҳӣ дорад.

  • Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 ҳангоми видоъ ва дафни Ислом Каримов, президенти нахустини Узбекистон, ба Самарқанд рафта буд.

Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон гуфтааст, Амир Темур дар замони зинда буданаш даҳҳо кишвари минтақаро фатҳ карда, як империяи бузург сохта буд ва ба ҳайати он кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони муосир ворид мешуд. “Барои ҳамин, шахсияти Соҳибқирон як бахши ҷудоинопазири таърихии мардуми мост”, - афзудааст манбаъ.

Президенти Тоҷикистон дар навбати худ гуфтааст, ки дар бораи Амир Темур ва таърихи давлатдории Темуриён аз бисёр чизҳои нав огоҳ шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми август бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафт. Дар ҷараёни сафари ӯ ба Тошканд 26 санад, аз ҷумла созишномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон имзо шуд.

Дар музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон, ки рӯзи 17-уми август дар Тошканд баргузор шуд, таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона шуд. Президентони Тоҷикистон ва Узбекистон дар изҳороти худ гуфтанд, ки ба мувофиқа расиданд дар дарёфи Зарафшон ду нирӯгоҳи барқӣ созанд, ки нирӯи барқи онро сокинони ҳарду кишвар муштарак истифода кунанд. Созиши дигар дар заминаи омӯзиши имкониятҳои истифодаи оби Сарез аз ҷониби сокинони кишварҳои минтақа мебошад.

Паёмҳои Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:30 0:00

Президент Раҳмон бо ситоиш аз суръати ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, ки мизони додугирифти тиҷоратии ду кишвар дар 6 моҳи имсол назар ба ҳамин муддати соли гузашта ду баробар афзуд, созишномаҳои дар Тоҷикистон имзошуда бо арзиши 600 миллион доллар дар соҳаи нафту газ ва барқ бомуваффақият амалӣ мешаванд. Раҳбари Тоҷикистон гуфт, як ҳосили хуби ҳамкориҳо - соддасозии низоми равуо дар марз будааст ва дар муддати ним соли ҷорӣ аз марзи ду кишвар 1 миллион нафар, аз ҷумла хориҷиҳо убур кардаанд.

Шавкат Мирзиёев дар музокирот гуфт, ки ҳадафи ниҳоӣ – то сатҳи 500 миллион доллар расонидани мизони додугирифтҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду ҳамсоя аст, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, “потенсиал ё тавоноии ин ҳамкориҳо ҳадди ақал 1 миллиард долларро ташкил медиҳад”.

Мирзиёев гуфт, дар ҳамкориҳои ду кишвар паҳлӯҳои хеле зиёди дастнохӯрда ҳастанд, ки бояд дар ин самт корро тавсеа бахшанд.

XS
SM
MD
LG