Додгоҳи вилояти Суғд як тоҷире аз ин вилоятро, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, бегуноҳ донист, вале ба ӯ амр дод, ки пулеро, ки аз шарикаш гирифтааст, баргардонад.
Парвандаи Восит Лакимов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи июн дар додгоҳи ноҳия баррасӣ шуд ва дар ин додгоҳ ҳам ба чунин хулоса расидаанд, ки дар муомилоти ин тоҷир бо шарикаш Ҳайдарбек Аминҷонов ҳеҷ қаллобӣ мушоҳида намешавад.
Ба гуфтаи Рустам Сайдаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳайдарбек Аминҷонов баҳори имсол Восит Лакимовро ба он муттаҳам кард, ки соли 2012 аз ӯ бо қимати 25 ҳазор доллари амрикоӣ равған гирифта, вале пулашро надодааст.
Вале додгоҳ зимни тафтиши парванда маълум кардааст, ки Восит Лакимов моҳи майи ҳамин сол ба Аминҷонов 20 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин як мошини “Камаз” 50 қимати ҳазор сомонӣ додааст ва қисми бештари қарзашро пардохт кардааст.
Хуршеда Наврӯзова, вакили дифои Восит Лакимов ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш баргардонидани беш аз 50 ҳазор сомонӣ қарзи боқимондаро бар дӯш гирифтааст ва ҳатман пардохт мекунад.
Ба қавли Хуршеда Наврӯзова, Лакимов аз шарики тиҷоратиаш Ҳайдарбек Аминҷонов, чандин сол боз равған мегирифт ва фурӯхта маблағи онро пурра бармегардонд. Соли 2012 баъди фурӯхтани 13 тонна равған, пули онро ба фарди дигаре барои муддати кӯтоҳе қарз дод, вале ин фард ва ба Русия рафта “ғайб зад” ва Лакимов натавонист, пули равғанро бипардозад.
“Дар сурати айбдор кардани зерҳимояам барои қаллобӣ ӯро мумкин буд, ҷаримаи калон ва ё ҳабс кунанд. Хушбахтона, додгоҳ одилона қарор кард ва зерҳимояамро “сафед кард”. Ӯ ҳам ваъда дод, ки қарзи боқимондаро ҳатман ба даъвогар бармегардонад ” – гуфт, Хуршеда Наврӯзова
Дар Тоҷикистон аҳёнан мешавад, ки додгоҳ фарди муттаҳам ба ҷиноятро “бегуноҳ” эълон кунад. Соли 2017 дар вилояти Суғд танҳо як нафарро бегуноҳ эълон кардаанд, ҳукми Восит Лакимов, ҳам нахустин ҳукм дар соли 2018 будааст.