Мақомоти корҳои дохилии вилояти Бадахшон мегӯянд, як сокини шаҳри Хоруғро боздошт карданд, ки бе иҷоза шишаи мошинашро сиёҳ карда, ба амри нозирони роҳ итоат накардааст. Ҳодиса рӯзи 6-уми октябр дар дидбонгоҳи нозирони БДА дар маркази вилояти Бадахшон рух додааст.
Манобеи Раёсати корҳои дохилии Бадахшон аз нафари боздоштшуда Соҳибназар Имомназаров, сокини 25-солаи кӯчаи Гагарини шаҳри Хоруғ, ном бурданд.
"Номбурда мошинаи сиёҳшишаро бидуни иҷозат ва ғайриқонунӣ идора намуда, ҳамзамон ба кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ итоат накард. Дар баробари ин, барои аз ҷои ҳодиса фирор кардан ба кормандони милиса муқобилият нишон дод", - гуфтанд дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон.
Мақомот мегӯянд, ҳангоми тафтиши мошини Имомназаров аз дохили он як норинҷаки навъи "Ф-1" ва ду корд ёфтаанд.
То ба ҳол наздикони Соҳибназар Имомназаров дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Ин шабу рӯз дар шаҳри Хоруғ "рейд"-и махсуси ошкор кардани мошинҳои сиёҳшиша, бе рақам ва нигоҳдории силоҳ ҷараён дорад. Ҳафтаи гузашта телевизиони Бадахшон бо нашри як гузориш ҷараёни амалиёт ба зидди мошинҳои сиёҳшишаро дар маркази ноҳияи Шуғнон намоиш дода буд.
Дар ин гузориш гуфта шуд, ки "ҷавонони довталаб бо мақомоти умури дохилӣ ҳамкорӣ карда, 50 мошини сиёҳшишаи ғайриқонуниро ба танзим дароварданд".
"Рейдҳо" дар маркази Бадахшон баъди он оғоз ёфт, ки рӯзи 15-уми сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала як моҳ муҳлат дод.