Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон баррасии парвандаи пурсарусадои прапоршик Усмон Каримови 46-сола, корманди собиқи комисcариати ҳарбии ноҳияи Вахшро хотима дода, ӯро барои сидқан пушаймон шудан озод кард.
Ҳамин сарбозро пурсанд, ман дастамро ба сӯяш набардоштаам, дар маълумотнома гуфта буданд, ки омӯзгор даъватнома гирифтааст, вале дар асл нагирифтааст. Ман онҷо танҳо набудам, боз манро тела додаанд
Ин дар ҳолест, ки даъвогарҳо мехоҳанд дар ҳодисаи ҷалби як муаллими мактаби ҷамоати “Машъал”-и ноҳияи Вахш ба артиш на як нафар, балки чаҳор нафар, аз ҷумла раиси ҷамоати "Машъал", ки муаллим Шамсулло Султоновро бо шеваи бад аз назди шогирдон ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд, ҷавобгар шаванд.
Прапоршик пушмаймон шуд
Рӯзи 21 сентябр дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор прапоршик Усмон Каримов аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудааст. Ин ҳукм рӯзи 4-уми сентябр содир шудааст. Додгоҳ гуфтааст, ки то қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм Каримов набояд маҳалли зисташро тарк кунад.
Ҳодиса ҳини даъвати баҳории имсол рух дод ва пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ, прапоршик Усмон Каримов аз кор дар комиссариати ҳарбӣ озод шуд. Мудири мактаб гуфт, ки намояндагони комиссариат дар ҷараёни дарс ба синфхона ворид шуда, муаллимро аз дарс кашонда ба артиш бурданд. Охири моҳи август Додгоҳи низомии гарнизони вилояти Хатлон алайҳи корманди собиқи комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ ё суиистифода аз мақоми хидматӣ парванда боз кард. Ин модда то 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ваё то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Усмон Каримов, ки баъди 19 соли кор дар соҳаи низомӣ ва аз ҷумла, комиссариати ҳарбӣ ба ин ҳодиса гирифтор шуд, баъди содир шудани ҳукми додгоҳ намехоҳад дар ин бора сӯҳбат кунад. Вале дар охири моҳи август, баъди шурӯи муҳокимаи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ ин падари шаш фарзанд гуфта буд, ки худро гунаҳгор намеҳисобад.
Ӯ рӯзи 30 август гуфт: “Ҳоло нисбати ман парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, дигарҳо ороманду онҳоро касе чизе намегӯяд. Ҳамин сарбозро пурсанд, ман дастамро ба сӯяш набардоштаам, дар маълумотнома гуфта буданд, ки омӯзгор даъватнома гирифтааст, вале дар асл нагирифтааст. Ман онҷо танҳо набудам, боз манро тела додаанд. Ман ҳамаашро дар толори додгоҳ гуфтам, вале манро танҳо гунаҳгор медонанд."
Мактаб бе омӯзгори фанни технология монд
Гулнора Хоҷаева, мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаи дурдасти Лолазор мегӯяд, ки аз рӯи қазияи ҷалби дағалонаи муаллим ба артиш, ки дар натиҷа ин мактабро бе як омӯзгори фанни технологияи иттилотӣ гузошт, аз мақомот талаб кардааст, ки се нафари дигарро ҳам ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. "Муалимро чаҳор нафар бурд, аз ҷумла раиси ҷамоати "Машъал" ба синфхона ворид шуд.
Вале дар додгоҳ танҳо як нафарро гунаҳгор донистанд. Бигзор се нафари дигар низ ҷавоб диҳанд. Шоҳидҳо ҳастанд, бояд шоҳидҳоро пурсанд, ки кӣ дар синфхона даромада буд". Дилшод Қодиров, раиси ҷамоати "Машъал" дар суҳбат дар мавриди озодии Усмон Каримов ва талаби дар додгоҳ муҳокима шудани ӯ изҳори бехабарӣ намуд ва нахост дар ин бора сӯҳбат кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аризаи директори мактаб ному ӯ ҳамчун як масъули дигари ҷалби маҷбурии муаллим ба хидмат дар артиш зикр шудааст. Дар ҳамин ҳол Абдурашид Юсуфзода, сардори додситонии ҳарбии вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аз ҷониби наздикони Шамсулло Султонов, омӯзгори мактаб ба онҳо шикоят расидааст. Ӯ гуфт, ки ҳукм дар нисбати Каримов аллакай содир шудааст, вале азбаски шикояти нав расидааст, онҳо бояд ин муроҷиатро таҳқиқ кунанд.
Шамсулло Султонов, баъди ҷалби маҷбурии ӯ ба хидмат, дар ҳоли ҳозир ба хизмати худ дар яке аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Шамсулло Султонов пас аз хатми мактаб ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, дар мактаби нӯҳсолаи деҳа ба ҳайси омӯзгори технологияи иттилотӣ кор мекард.
Облава манъ аст, аммо...
Бародари ӯ Умед Султонов қаблан иддао карда буд, ки бародари омӯзгораш бо ғарази роҳбарияти ҷамоат ба хидмат бурда шудааст.
"Бори аввал ба бародарам даъватнома омад. Мо ба комиссариати ҳарбӣ ва ба назди муовини раиси ноҳия рафтем. Ҳуҷҷатҳои заруриро нишон додем. Гуфтем, ки Шамсулло омӯзгор аст ва дар мактаб муаллим намерасад. Комиссари ҳарбӣ иҷозат дод, ки то пайдо шудани омӯзгори нав кор кунад. Аммо баъди 10 рӯз бародари маро дошта бурданд", - гуфт Умед Султонов.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи артиш барои ҷавонҳои 18 то 27-сола ҳатмӣ буда, дар сурати донишҷӯи шӯъбаи рӯзона будани ҷавон аз хидмат озод мешавад. Инчунин барои ҷавонҳое, ки дар мактаб, бахусус дар мактабҳои деҳоти дурдаст ба ҳайси омӯзгор кор мекунанд, мӯҳлати хидмат ба таъхир гузошта мешавад.
Бо ин ки мақомоти вазорати дифоъ мегӯянд, дар самти ҷилавгирӣ аз хидмати маҷбурӣ дар артиш корҳое анҷом медиҳанд ва омилони чунин ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ хоҳанд шуд, фаъолони ҳуқуқ дар бораи ҳодисаҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон хабар медиҳанд. Дар бархе ҳолатҳо ҷалби маҷбурӣ дар роҳу бозор ва нақлиёт сурат мегирад. Фаъолон мегӯянд, бархе ҷавонон бо сабаби мушкилоти мисли зӯргӯӣ дар артиш аз хидмат худдорӣ мекунанд.