Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал Тоҷикистонро барои вазъи ҳуқуқи инсон танқид кард


Созмони Милал Тоҷикистонро барои вазъи ҳуқуқи инсон танқид кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим

Тоҷикистон дар нахустин рузи нишасти 39-уми Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар рӯзи 10-уми сентябр барои муроот накардани ҳуқуқи инсон ва таъқиби дигарандешон танқид шунид.

Тоҷикистон дар нахустин рузи нишасти 39-уми Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал барои муроот накардани ҳуқуқи инсон ва таъқиби дигарандешон танқид шунид.

Мишел Бачлет, Комиссари олии ҳуқуқи башар созмон, ки рӯзи 1-уми сентябр корашро дар ин мақом шурӯъ кард, гуфт, “Мо ҳамчунон дар бораи таҳдид, зӯроварӣ, боздошти худсарона, бадрафторӣ бо онҳое дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахуcус аз Тоҷикистон гузориш мегирем, ки мехоҳанд, қонунӣ ва оромона назарҳои мухолифашонро бигуянд”.

Чаҳор моҳ пештар аз ин дар моҳи майи имсол як гурӯҳи кории Созмони Милал, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, ба ин хулоса расид, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит, як узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ ғайриқонунӣ буд ва аз ин рӯ, ӯ бояд озод карда шавад.

Дар ин хулосаи 13 саҳифаии коршиносони Созмони Милал омадааст, ки дар тӯли панҷ моҳи боздошт “ба Маҳмадалӣ Ҳаитов, иҷоза надодаанд, ки худаш шоҳидонро ба муҳокима даъват кунад, ӯро зимни боздошт ва бозпурсӣ латукӯб кардаанд, матбуоти давлатӣ қабл аз судури ҳукм ба гунаҳкор будани ӯ таъкид кардааст, ӯро ба додгоҳ бо завлона овардаанд”.

Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, то ба Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал расидани масъалаи беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аломати бад аст. Виктория Надеждина, раиси созмони ҳомии ҳуқуқи Ҳюман Райтс Вижн, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро назорат мекунад, рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, худи онки Комиссари олии ҳуқуқи башар, масъалаи Тоҷикистонро дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи инсон бардошт, баёнгари ҷиддитар шудани масъала аст.

“Ин дар воқеъ, як аломати дигар аст, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамчунон бадтар мешавад. Бадтар шудани авзоъро на танҳо созмони мо мушоҳида мекунад, балки дар нишастҳои солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо инро зикр мекунанд. Тавре шумо зикр кардед, матраҳ шудани масъала дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, нишондиҳандаи дигари он аст, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар мешавад” - гуфт, ӯ.

Ба қавли раҳбари созмони мустақар дар Ҳолланд, аз соли 2017 ба ин тараф беэҳтиромиву беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум, аз ҷумла ҳуқуқи маҳбусони сиёсӣ, ҳуқуқи вакилони дифо, занону кӯдакон, ҳуқуқи аққаллиятҳои мазҳабӣ зиёдтар шудааст.

“Мо дидем, ки ҳукумат дар самти қонунгузорӣ, баъзе аз санадҳои ҳуқуқиро ислоҳ кард, вале ин ислоҳот вазъро беҳтар накарданд. Ин ислоҳот на ин ки ҳуқуқи мардумро муҳофизат мекунанд, балки тамоюл ба сахттар кардани назорат ва маҳдуд кардани озодиҳо доранд.”

Созмонии Ҳюман Райтс Вижн мегӯяд, ки Қонун дар бораи интихоботи президенту парламент, қонун дар бораи адвокатҳо ва қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо, ки Тоҷикистон соли 2016 ислоҳ кард, мухолиф ба Қонуни асосӣ аст.

Масалан бар асоси қонун дар бораи интихоботи порлумонӣ, касе ки панҷ сол дар хориҷ зиндагӣ кардааст, ҳақ надорад, номзадиашро дар интихобот бигузорад.

Ба гуфтаи ин созмон, чунин ислоҳот дар қонун, дар ҳолест, ки садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ноилоҷӣ барои кор ба Русия мераванд ва онҷо солҳо мемонанд ва наметавонанд, дар як солу ду сол ба пеши хонаводаҳояшон баргарданд.

Масъалаи гуногунандешӣ ва эҳтиром ба ақидаҳои мухолиф дар Тоҷикистон дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳафтаи гузашта баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст, аз ҷумла гуфтанд, дар Тоҷикистон ҷомеаи маданӣ зери фишори зиёд аст, гуногунандешӣ аз байн рафтааст ва маъмурони амниятӣ ба хабарнигорону дигар фаъолони ҳуқуқ аз ҳар роҳ фишор меоранд, то аз гуфтани воқеиятҳо ва нуқсонҳои кори ҳукумат парҳез кунанд.

Дар ҳамоиш мухолифон аз кишварҳои аврупоӣ хостанд, кумакҳоеро, ки барои ислоҳот ба Тоҷикистон медиҳанд, боздоранд ва ба зидди мансабдороне, ки ҳуқуқи дигарандешонро поймол кардаанд, таҳрим эъмол кунанд.

XS
SM
MD
LG