Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилрабо Самадова: "Мо вакилони дифои хубро аз даст додем" ВИДЕО


Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, раиси созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар нишасти ҳуқуқи башари Варшава дар бораи нақши вакилони мудофеъ (адвокат) дар Тоҷикистон суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки қонуни нав дар бораи адвокатура сафи вакилони мудофеъро аз якуним ҳазори пешина то ҳаштсад нафар поин овардааст ва ҳоло бар сари беш аз 11 ҳазор аҳолии кишвар 1 адвокат рост меояд.

  • Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми сентябр бо Дилрабо Самадова суҳбат карда, нахуст аз ӯ дар бораи паҳлӯҳои мусбат ва манфии қонун дар бораи адвокатура пурсиданд.
Вакилони мудофеъро маҷбур мекунанд, ки ба толори мурофиа дастгоҳҳои сабт ворид накунанд. Ин паст задани мавқеи адвокатҳост. Ва, албатта, қобили қабул нест.

Дилрабо Самадова: «Албатта, ин қонун паҳлӯи мусбат ва манфӣ дорад. Қонуни нав ҳамаи вакилони мудофеъро дар сартосари ҷумҳурӣ зери як институт муттаҳид кард. То қабули ин қонун адвокатҳо дар чаҳорчӯби ҳар гуна коллегияву муассисаҳо фаъолият мебурданд. Ин ҷиҳати мусбати қонун буд, ки адвокатҳо дар як институт муттаҳид шуданд. Аммо қонун якчанд камбуд низ дорад, ки бояд бартараф шавад. Масалан, қонун пешбинӣ кардааст, ҳатто адвокатҳое, ки солҳои тӯлонӣ кор кардаанд ва соҳиби малака ҳастанд, бояд имтиҳон супоранд. Ин талаб метавонад ҳамчун як василаи фишороварӣ ба адвокатҳои ботаҷриба истифода шавад. Ҷиҳати дигаре, ки бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳем, ин мустақилияти адвокатҳо аст. Ҳозир ин комиссияи «квалификатсионӣ» зери назорати Вазорати адлия ҷой дода шудааст. Ин маънои онро дорад, ки мақомоти иҷроия як институти ҷамъиятиро имтиҳон мегирад. То қабули қонун беш аз 1500 адвокат буд, вале баъди қабули қонун 800 адвокат боқӣ монд.»

Навори видеоӣ дар инҷост:

Самадова: "Бо ин гап розӣ нестам, ки гӯё адвокатҳо ҳеҷ нақш надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Радиои Озодӣ: Ин теъдод вакили мудофеъ барои Тоҷикистон кофӣ аст?

Дилрабо Самадова: «Барои Тоҷикистоне, ки 9 миллион аҳолӣ дорад, як адвокат маҷбур аст барои 11 ҳазору 250 нафар ёрии ҳуқуқӣ расонад. Фикр мекунам, ин кофӣ нест. Мо дар ноҳияҳои дурдаст адвокат надорем. Маҷбур ҳастем, ки аз шаҳр адвокат фиристем. Сарфу харҷ хеле зиёд аст. Фикр кунед, ки агар дар ҷумҳурӣ 800 адвокат дошта бошем, онҳо умуман хоҳиши сафарҳои дур карданро надоранд. Пештар як адвокат бо 6-7 парванда кор мекард, ҳоло баъзе адвокатҳо мегӯянд, ки маҷбур ҳастанд зиёда аз 15 парвандаҳоро гиранд. Қисми зиёди ин парвандаҳо бепул мебошанд. Яъне, адвокатҳо вазифаи давлатро, ки таъмини ройгони ҳуқуқӣ ҳаст, бар ӯҳдаи худ гирифтаанд. Агар дар солҳои охир ба 23 ҳазор нафар ёрии ҳуқуқӣ расонида бошанд, аз он мувофиқи омори Иттиҳодияи адвокатҳо, 19 ҳазораш ройгон аст. Онҳо вазифаи бузургу муҳимро иҷро мекунанд. Бояд мо дастгирӣ кунем, то ин интитут рушд кунад.»

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар ҷомеа ин ҳарфҳо вуҷуд дорад, ки адвокатҳо барои ҳимоят аз муттаҳамон ҳеҷ нақше надоранд. Чӣ омил аст, ки адвокатҳо дар ҳимоя нақши калидӣ надоранд?

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова: «Бо ин гап розӣ нестам, ки адвокатҳо ҳеҷ нақше надоранд. Дар аксар парвандаҳо нақш доранд. Вале бисёриҳо шикоят мекунанд, ки дар парвандаҳои “хусусияти сиёсидошта” нақши зиёд, чӣ хеле мехоҳанд, надоранд ва чун шахси рамзӣ иштирок мекунанд. Шояд ин ба мустақилияти шохаи додгоҳӣ ҳам вобаста бошад. Вақте адвокат бо суди мустақил ҳамкорӣ мекунад, нақши зиёд дорад. Аз тарафи дигар дар сохтори адвокатура ва системаи судӣ баробарии тарафҳо хеле кам дида мешавад. Вақте барои мурофиа меоянд, парвандаҳоро мавқуф мегузоранд, адвокатро огоҳ намекунанд. Ӯ маҷбур аст, ки соатҳо беҳуда дар долони додгоҳ мунтазир шавад. Адвокатҳоро маҷбур мекунанд, ки дастгоҳҳои сабтро ба дохили мурофиа ворид накунанд. Ҳатто қонун пешбинӣ кардааст, ки адвокат бо муштарии худ метавонад озодона дар тамос шавад, вохӯрад, ҳатто дар ҷойҳои маҳруми аз озодӣ ҳам бошад. Дар таҷриба ҳолатҳое дида мешаванд, ки аз адвокат розигии муфаттиш барои ин кор пурсида мешавад. Аллакай, ин паст задани мавқеи адвокатҳо ҳаст. Ин албатта, қобили қабул нест.»

Радиои Озодӣ: Агар дар парвандаҳои ба истилоҳ, “хусусияти сиёсидошта” нақши камранг доранд, пас, дар кадом парвандаҳо нақши вакли дифоъ ҳалкунанда аст?

Дилрабо Самадова: «Солҳои зиёд шуд, ки бо адвокатҳо фаъолият дорам. Адвокатҳои ҷавонро омода мекунем, ки ба ҳимоя ворид шаванд, нақшашон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Сифати хидматрасонии онҳо ва корашон хуб аст. Талошҳое ҳаст, ки адвокат шахси муҳим дар парвандаҳо бошанд. Албатта, дар парвандаҳои муҳим, ки хатар ҳаст, адвокатҳо худашон аз онҳо даст мекашанд. Мо инро дарк мекунем. Масалан, дар парвандаи Хайрулло Мирсаидов адвокатҳо нақши хуб доштанд.»

Лаҳзае аз суҳбати Муъмин Аҳмадӣ бо Дилрабо Самадова
Лаҳзае аз суҳбати Муъмин Аҳмадӣ бо Дилрабо Самадова

Радиои Озодӣ: Омили аслии коҳиши шумораи адвокатҳо дар чист? Чаро теъдоди онҳо хеле кам шуд?

Дилрабо Самадова: «Қонунгузорӣ як талаботи вазнин нисбат ба номзад ба адвокатураро гузошт. Шахсе, ки ҷиноят содир кардааст ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кардааст, ҳатто доғи судиаш ҳам аз байн рафта бошад, ба ҳайси адвокат қабул намешавад. Аз як тараф ин барои боло бурдани сатҳи кори адвокатура буд, лекин аз тарафи дигар номзадҳо ба адвокатӣ ҷиноятҳое содир карда буданд, ки аз беэҳтиётӣ буд. Масалан, садамаҳои нақлиётӣ ё вайрон кардани қоидаҳои этикии корӣ дар сохтори давлатӣ. Онҳо эҳтимолияти бегуноҳӣ доранд ва додгоҳ гуноҳи онҳоро эътироф накардааст. Аз сӯи дигар, онҳо донишу малакаи зиёд доранд, ки метавонанд хуб кор кунанд. Вобаста ба авдокатҳо талаботе ҳаст, ки нисбат ба хидматчиёни давлатӣ нест. Мо гурӯҳи адвокатҳои бомалакаро аз даст додем. Ҳатто ҳодисаҳое буданд, ки адвокат дар замони Шӯравӣ аз беэҳтиётӣ садама кардааст. Онҳо натавонистанд, фаъолият кунанд. Ин талаботи вазнин шумораи адвокатҳоро кам кард.»

Ҷараёни имтиҳонсупории вакилони мудофеъ
Ҷараёни имтиҳонсупории вакилони мудофеъ

Радиои Озодӣ: Агар ба рӯйхати адвокатҳо нигоҳ кунем, аксаран додситони собиқ, додраси собиқ ва милисаи собиқ ҳастанд. Чаро?

Дилрабо Самадова: «Оморе дар даст надорам, ки аз кадом мақомот бештар ба адвокатура омадаанд. Вале афроди зиёдеро медонам, ки пас аз хатми донишгоҳ ба ин соҳа омаданд. Додрасу додситон адвокати хуб мешаванд. Малакаи кории онҳо дар фаъоляити адвокатӣ кумак мекунад. Фикр мекунам, барои ҳамин онҳо меоянд. Дар қонунгузории баъзе кишварҳо ҳатто меъёр аст, ки шахс пеш аз адвокат шудан бояд дар Додгоҳу Додситонӣ таҷриба бигирад. Адвокатӣ касбе ҳаст, ки шахс на танҳо қонунро донад, балки аз кори додрасу додситон хуб бохабар бошад. Дастгирӣ мекунам, ки аз ин соҳаҳо омада дар адвокатура кор кунанд.»

XS
SM
MD
LG