Сокинони 3 бинои навбунёди даҳтабақа дар кӯчаи Раҳимии шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки моликони сохтмон биноро нотамом гузошта, ҳаволаи мардумро ба Худо кардаанд. Соҳиби аслии ин се сохтмони нотамом бо ҷурми қаллобӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Афроди боварноки ӯ бо баҳонаи онки баъзе аз муштариҳо пули хонаро пурра пардохт накардаанд, кори сохтмонро тӯл медиҳанд. Мардум аз он ҳарос доранд, ки агар кор чунин кашол ёбад ва мақомот биноро қабул накунанд, ҳам барои пули додаашон хоҳанд сӯхт ва ҳам барои вақти аз даст додаашон.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир