Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духтурон гуфтанд, ки "сибирская язва" аст, аммо безарар" ВИДЕО


Аз ҳашт сокини ноҳияи Ҳисор, ки қаблан бо гумони гирифторӣ ба сиёҳзахм ё “сибирская язва” бистарӣ буданд, шаш нафарашон аз бемористон ҷавоб шудаанд. Ду нафари дигар –як зан ва як мард – зери назорати пизишкон ҳастанд.

  • Табибон гуфтаанд, ин як навъ захми пӯст аст, ки хатарнок нест ва зуд шифо меёбад. Аммо худи беморон мегӯянд, дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ духтурон истилоҳи сиёҳзахмро ба забон овардаанд.
Дар дасти ростам захм баромад. Вақте ба табибон муроҷиат кардам, маро бистарӣ намуданд

“Аз ҳамсоя гӯшти гов харидаму...”

Ситора Ҳарифова, сокини 45-солаи деҳаи Ҳуснободи ноҳияи Ҳисор, шонздаҳ рӯз боз дар беморхона табобат мегирад. Ӯ рӯзи 12-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо баъди ба бемористон оварда шуданаш фаҳмид, ки ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чанд нафар дар Ҳисор ба сӯхтанӣ гирифтор шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

“Табибон гуфтанд, ки аз гӯшти гов ба ин беморӣ печидаам. Ҳодиса се ҳафта қабл рух дод. Аз хонаи ҳамсоя гӯшти гов харида омадам ва онро шуставу намак кардам. Пас аз он дар дасти чапам захми хурде пайдо шуд, ки шакли чашми инсонро дошт”, - нақл кард ӯ.

Ҳарифова мегӯяд, дар ин муддат ду гови ин хонадон низ бемор шуда, якеро баъди куштан сӯзондаанд.

Табибон ба Ситора чӣ гуфтанд?

Гурез Боев, шавҳари Ситора Ҳарифова, мегӯяд, ки дар ин ҳодиса танҳо ҳамсараш бемор шуда, аъзои дигари хонавода солиманд. Вай гуфт, “вақте захм калон шуд, ба духтур муроҷиат кардем. Дар дармонгоҳ духтур захмро бурид ва баъди он захм бузургтар шуд. Сипас ба бемористони сироятӣ рафтем. Табибон гуфтанд, ки ин “сибирская язва” аст.”

Ситора Ҳарифова гуфт, табибон ба ӯ таъкид кардаанд, ки аз сироят шуданаш ба ин беморӣ бо хабарнигорон гап назанад. Дар ҳоле ки, ба қавли ин сокини деҳаи Ҳуснобод, ӯ дарк мекунад, бояд ба хотири ҷилавгирӣ аз гирифтории шумори бештари сокинон ин маризӣ набояд пинҳон карда шавад.

Баҳрулло Хоҷаев, сокини дигари деҳаи Ҳуснобод, ҳам зоҳиран баъди забҳи чорвои мариз ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шудааст. Ӯ гуфт, баъди бозгашт аз чаро гови хоҳараш аз по афтод ва талош кард, онро кушад. Дар ҳамин асно дастонаш ба хуни гов олуда шудааст.

“Гов куштед?”

“Баъд аз чаҳор рӯз дар дасти ростам захм баромад. Вақте ба табибон муроҷиат кардам, маро бистарӣ намуданд”, - гуфт ӯ.

Баҳрулло Хоҷаев рӯзи 11-уми сентябр аз беморхона ҷавоб шудааст. Ӯ мегӯяд, “духтурон инро “сибирская язва” гуфтанд. Вале таъкид карданд, ки безарар будааст. Ҳашт нафар аз ду гов ба ин беморӣ гирифтор шуд, намедонам ин говҳо чӣ беморӣ доштанд. Баъди даҳ рӯз дар беморхона ба ман гуфтанд, ки “гов куштед?” Гуфтам “ҳа”. Баъд фаҳмиданд, ки сабабаш чист.”

Ин сокини деҳаи Ҳуснобод гуфт, баъди бистарӣ шудани чанд ҳамдеҳааш дар беморхона, мақомот ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ карданд. Сокинони ин деҳа мегӯянд, пас аз ин ҳодиса масъулони идораи байторӣ чанд тани онҳоро барои бидуни иҷоза забҳ ва фурӯхтани гӯшти гови мариз 250 сомонӣ ҷарима карданд.

“Инҳо бемори сӯхтанӣ нестанд”

Маҳмурод Ашӯров
Маҳмурод Ашӯров

Аммо дар беморхонаи сироятии ноҳияи Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, воқеан, чанд сокини ин деҳаро бо гумони бемории сӯхтанӣ дар бемористон бистарӣ карданд, вале ташхис вуҷуди ин бемориро дар сокинон мушаххас накард.

Маҳмурод Ашӯров, пизишки ин бемористон, рӯзи 12-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аксари ин сокинон бо бемориҳои гуногуни пӯст инҷо табобат гирифтанд ва овозаҳо дар мавриди гирифтории онҳо ба бемории сӯхтанӣ асос надорад”. Ӯ гуфт, “ҳашт нафар муроҷиат карданд. Махсус кӯрпашшаҳо ҳастанд, ки мегазанд ваё захмҳое ҳастанд, ки агар саривақт табобат накунед, ба захми пӯст гирифтор мешавед. Ҳангоми табобат мушаххас шуд, ки инҳо бемории “қарасон” ё сӯхтанӣ нестанд.”

Ашӯров гуфт, ки ин афрод захми пӯст доранд ва базудӣ сиҳат мешаванд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ: Бехабарем

Сӯхтанӣ, ки бо номи сиёҳзахм ва дар русӣ ҳамчун "сибирская язва" маъруф аст, як навъи хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшист, ки ба одам низ сироят карда метавонад. Сӯхтанӣ маъмулан дар пӯсти инсон ё чорво реша давонда, дар як муддати кӯтоҳ маризро аз пой меафтонад ва ҳатто метавонад давоми аз се то панҷ рӯз ба марг бирасонад.

Табибони сироятшинос мегӯянд, аввалин нишонаи ин беморӣ захми сиёҳе мисли ангишт дар пӯсти инсон аст. Табибон дар ҳоле вуҷуди ин бемориро дар миёни сокинони деҳаи Ҳуснобод рад мекунанд, ки баъзеи онҳо ҳанӯз пурра шифо наёфтаанд ва чунин нишонаро дар бадани худ ҳам мушоҳида кардаанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва хадамоти санитарию эпидемелогии Тоҷикистон аз вуҷуди ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда ва гуфтанд, дар зудтарин фурсат аз пайдо шудани ин ҳодиса ва дурустии хабар ба расонаҳо иттилоъ хоҳанд дод.

Мизроб Саидзода, сардори сарраёсати идораи санитарию эпидемелогӣ дар як тамоси телефонӣ гуфт, то ҳанӯз дар мавриди гирифторони бемории сӯхтанӣ дар ин деҳа ба онҳо хабар нарасидааст, вале дар зудтарин фурсат метавонанд инро муайян кунанд.

XS
SM
MD
LG