Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти бемории хатарнок ба чорвои мардум дар Мастчоҳ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бемории сумдард дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба садҳо чорво сироят кардааст. Бархе аз сокинон гуфтанд, ки чорво манбаи асосии даромади онҳо дар минтақа аст ва аз даст додани як гов баробари аз даст додани аз 500 то 900 доллари амрикост. То кунун 5 гов дар ин ноҳия бар асари бемории мазкур талаф ёфтааст.

“Ин беморӣ ба подаи деҳа низ роҳ ёфт. Говҳо ҳаром мемиранд

Сафаралӣ Сафаров, як сокини деҳаи Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, чорвоҳояшонро аз чарогоҳи тобистона ба хона оварда, табобат мекунанд. . Бе чорво дар шароити кӯҳистон зиндагӣ кардан мушкил аст”, - афзуд ӯ.

Мутахассисон мегӯянд, ки сумдард вирус буда, тариқи ҳаво зуд паҳн мешавад ва агар таъҷилан чора андешида нашавад, метавонад ба кӯдакон низ осеб расонад. Абдулмаҷид Сангинов, байтори деҳаи Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омили аслии сироят шудани чорвоҳоро “нагирифтани доруи пешгирикунанда” номид.

"Ба кӯмаки мо наомаданд"

Ӯ гуфт, дар тӯли беш аз як ҳафтаи рӯ задани беморӣ мақомоти байтории ноҳия ба деҳа наомадаанд. Сангинов мегӯяд, маълумоти олии байторӣ дорад, вале бе доруҳои зарурӣ ва бо суръати баланди паҳн шудани беморӣ имкон надорад, ки ба танҳоӣ пеши роҳи онро гирад.

Абдулмаҷид Сангинов гуфт, “роҳи табобати ин беморӣ дар он аст, ки бояд даҳони чорворо бо маргансевка (намаки калий) дар як рӯз се дафъа тоза кунем. Аз ҳисоби ин беморӣ ҳарорати чорво баланд мешавад ва бештари чорво маҳз аз ин сабаб ҳалок мешаванд. Тақрибан хонаводае нест, ки чорвоаш аз ин беморӣ эмин монда бошад. Агар беморӣ аз ҳад зиёд шавад, имкон дорад, ба аҳолӣ, бахусус ба кӯдакон сироят кунад. Ҳатто гӯшти ин чорворо хӯрдан мумкин нест ва иҷозат надодам, ки гӯшти чорвои ҳалокшударо ҳатто ба саг диҳанд ва онро дар чуқуриҳо зери хок мекунем.”

Чорвопарварӣ яке аз манбаи асосии даромади мардуми деҳот аст.
Чорвопарварӣ яке аз манбаи асосии даромади мардуми деҳот аст.

Вале масъулини бахши байтории ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо инки пайдо шудани нишонаҳои сумдардро дар чорвои чанд деҳаи ноҳия тасдиқ мекунанд, мегӯянд, вазъ чандон нигаронкунанда нест.

Идибой Шарифов, сарбайтори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин деҳаҳо аз маркази ноҳия дар масоҳати дуртар қарор дошта, ҳадди ақалли хидматрасонии байторӣ расонда мешавад. Вай гуфт, дар арзёбии масъала мардум набояд ба воҳима дода шаванд, чун вазъият таҳти назорат аст.

Манбаи сироят куҷост?

Шарифов сабаби сар задани бемории мазкурро ба он рабт дод, ки деҳаҳои Пакшиф ва Дашти Миёна дар шоҳроҳи чорвогузар қарор доранд ва аз ҳисоби чорвоҳои эмнадида ва ё ваҳшии гирифтори беморӣ ба чорвои деҳа сироят ёфтааст.

“Тариқи ин деҳаҳо чорвои дигар манотиқ ба ағбаи Ғориф мегузаранд. Худи аҳолии деҳа ин бемориро пешгирӣ накарданд. Байторҳои мо дар зимистон ба наздики онҳо баромаданд, аммо онҳо аз эм кардани чорво ба хотири пешгирӣ худдорӣ карданд. Ин қадар воҳима нест, боз чорвоашон камтар хароб аст. Духтурҳоро равон кардем, инро бартараф мекунанд”, - гуфт ӯ.

Ин қадар воҳима нест, боз чорвоашон камтар хароб аст. Духтурҳоро равон кардем, инро бартараф мекунанд.

Сокинон мегӯянд, агар бемории чорво пешгирӣ карда нашавад, дар зудтарин фурсат имкон дорад ба деҳаҳои атроф низ паҳн шавад. Байторҳо мегӯянд, чорвои мубтало ба вабои сумдард агар давоми 3-4 рӯзи гирифтор шуданаш табобат наёбад, шанси наҷот додани он хеле кам мешавад.

Пакшиф ва Дашти Миёна аз ду деҳаи дурдасттарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, дар ҳамсоягии ноҳияи Рашт ҷойгир шудаанд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар 220-километрии шимолушарқи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, сокинони он асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо парвариши картошка маъруф аст, ки ба дигар гӯшаҳои Тоҷикистон ҳам дастрас мешавад.

Дар солҳои гузашта дар баъзе аз нуқоти дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Айниву Панҷакент мавридҳои гирифтории чорвои хонагӣ ба сӯхтанӣ – як маризии хатарнок ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2013 баъди марги як чӯпони 56-солаи деҳаи Саратоғ мақомот ин манотиқро дезинфексия карданд, манбаи паҳншавии бемориро безарар гардонданд.

Мақомот мегӯянд, солҳои ахир бисёре аз сокинони манотиқи дурдаст дар андешаи сарфаи миқдори пули ваксинзании чорпоёшон гову гӯсфандони худро дар баробари хатари бемориҳои сироятӣ осебпазир мекунанд.

XS
SM
MD
LG