Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Хайрулло Мирсаидов баъди раҳоӣ аз зиндон. ВИДЕО


Дар акс: Хайрулло Мирсаидов, Салимахон Ваҳҳобзода ва Нуриддин Қаршибоев
Дар акс: Хайрулло Мирсаидов, Салимахон Ваҳҳобзода ва Нуриддин Қаршибоев

Шӯрои Васоити ахбори омма, як созмони мустақили журналистӣ, ба Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – ҷоизаи ҳамраъйии журналистонро супурд. Маросими тақдими ҷоиза 8-уми сентябр, дар рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон, дар Душанбе баргузор шуд.

Мирсаидов ҳангоми гирифтани ҷоиза дар як суханронии кӯтоҳ аз ҳамаи онҳое, ки барои озодиаш талош карданд, сипсогузорӣ намуд. "Ҳодисае, ки ба сарам омад, бигзор охирин бошад. Ва касе ҳам паси панҷара наравад", - афзуд ӯ.

Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ​ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби ҳазор доллар "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ нагирифт. Хайрулло Мирсаидов ҳоло ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф шудааст.

Ин хабарнигори шинохта қаблан дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба зудӣ ба журналистика бармегардад ва нисбат ба мушкилу ҳаводиси кишвар бетараф нахоҳад буд.

Мирсаидов: Агар ба мушкилот пушт гардонем, ин кишварро кӣ месозад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:27 0:00

XS
SM
MD
LG