Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар сӯхтори DAF дар роҳи Душанбе-Хуҷанд


Бар асари сӯхтори мошини ҳомили 30 тонна бензин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ду нафар ба ҳалокат расида, мошини боркашони тамғаи “DAF” пурра нобуд шудааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса шаби 3 ба 4-уми сентябр рух дод.

Шоҳидони ҳодиса низ мегӯянд, то замони хомӯш кардани оташ тақрибан ду соат дар роҳ интизор монданд.

Далери Абдулло, сухангӯи IRS, ширкати масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Хуҷанд, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор ва ҳалокати ду нафар дар натиҷаи ба садама дучор шудани мошини боркашон иттифоқ афтод. “Дар натиҷа ронандаи мошин ва як ҳамроҳаш – ҳарду сокини шаҳри Леваканд – ба ҳалокат расиданд”, - афзуд ӯ.

Далери Абдулло
Далери Абдулло

Далери Абдулло гуфт, ки кормандони ширкати онҳо ба ҷойи ҳодиса расида, оташро хомӯш кардан, “вале натавонистанд зуд ронандаву мусофирро аз мошин берун биоваранд”. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ин мошин ба ронандааш тааллуқ дошта, ба ширкатҳои фурӯши бензин дар кишвар рабте надоштааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми сентябр ҷузъиёти бештари ҳодисаро ошкор кард. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ронандаи мошин сокини 36-солаи шаҳри Леваканди вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонов будааст.

“Ин мошин 28747 литр сӯзишвории бензин ва 6253 литр сӯзишвории дизелӣ дошт. Ҳангоми ҳаракат дар мавзеи “Ҷоре”-и ноҳияи Айнӣ ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба ҷӯйбори калони рости роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа, сӯзишворӣ ба замин рехта, аз шарораи ҳангоми садама ба вуқӯъ омада, сӯхтор сар задааст”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Ба иттилои мақомот, ронанда Қурбоналӣ Қурбонов ва ҳамроҳаш Қосим Қурбонов ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Аз ин пеш, моҳи июли имсол, дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд як мошини ҳомили гази моеъ ба девори бинои канори роҳ бархӯрда, таркиш ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа як нафар ҷон бохт. Дертар, бар асари садамаи мошини боркаши тамғаи "Фура" дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як нафари дигар ҳалок шуда, як тани дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳар рӯз дар роҳҳои Душанбе-Чаноқ даҳҳо мошини боркашон равуо мекунанд. Бархе аз ин мошинҳо сӯзишворӣ ва баъзеи дигар ангишту маводи ғизоӣ мекашонанд.

Ҳар сол чандин ҳодисаи ба ҷарӣ сарозер шудан ва таркиши мошинҳои боркашон сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG