Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари тоҷик дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, барои пайдо кардани як афсари милисаи фирорӣ, ки ба шиканҷа муттаҳам мешавад, ӯро дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доданд.

Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ, ки ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” муттаҳам мешуд, аз тарси зиндонӣ шудан фирор кардааст ва мақомот намедонанд, ки ҳоло ӯ дар куҷост.

Додситонии Хатлон ин муфаттишро ба даст доштан дар марги Толибҷон Дӯстов, як сокини ноҳияи Дӯстӣ муттаҳам мекунад. Сокини 50-солаи ноҳия ба гуфтаи хешовандонаш дар натиҷаи латукӯби бераҳмонаи афсари милиса ҳалок шуд.

Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бохтар гуфт, Маҳмадулло Идиев моҳи гузашта бо баҳонаи беморӣ ба мурофиаи додгоҳӣ наомад ва баъдан маълум шуд, ки ӯ фирор кардааст. Ҳоло маълум нест, ки афсари милиса дар хориҷ аст ва ё дар дохили Тоҷикистон.

“Нисбати он шахс кофтукоб эълон шудааст. Дар куҷое боздошт шуд, ҳатман бурда, ҳабс мекунанд. Агар фарз кардем дар хориҷи кишвар бошад, тариқи прокуратураи генералӣ экстрадитсия мекунем. Ба кофтукоби байналмиллалӣ дода шудааст, мебинем, дар куҷо пайдо мешавад” – гуфт, Насрулло Маҳмудзода.

Фирор бо баҳонаи беморӣ

Маҳмадулло Идиев дар боздошт набуд ва мақомот ӯро ба шарти тарк накардани маҳалли зист то замони анҷоми мурофиа озод карда буданд. Додситон гуфт, эҳтимол нисбати ӯ барои фирор парвандаи иловагӣ боз кунанд.

Толибҷон Дӯстов
Толибҷон Дӯстов

Моҳи июли соли гузашта кормандони милиса Толибҷон Дӯстовро дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус ба гумони даст доштан ба гардиши маводи мухадир боздошт карданд.

Маҳмадулло Идиевро ба он муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 25-уми июли соли 2017 баъди боздошти Толибон Дӯстов ӯро латукӯб карда ва ба дастонаш завлона мезанад.

Ҳангоми овардани муттаҳам ба ҷиноят ба самти ноҳияи Дӯстӣ аҳволи Толибҷон Дӯстов бад мешавад ва ӯ баъди интиқол ба шифохонаи марказии ноҳияи Қубодиён ҳалок мешавад. Наздиконаш баъдан гуфтанд, Дӯстов дар натиҷаи латту кӯби кормандони милиса ҷон додааст.

Ба гуфтаи Меҳрӣ Давлатова, модари Толибҷон Дӯстов, ҷасади писарашро баъдан ба шифохонаи Қубодиён бурданд ва гуфтаанд, ки ӯ ба сабаби сактаи қалб ҳалок шудааст.

Аммо ду нафаре, ки ҷасади Толибҷонро шустаанд, шоҳидӣ доданд, ки дар бари рӯй ва назди гӯши чапи Толибҷон доғҳои сиёҳ буд. Модару дигар наздикони Толибҷон Дӯстов низ айни гапро гуфтаанд.

Аммо наздикони Толибоҷон Дӯстов ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят карданд ва хостанд, ки қазияи марги ӯ таҳқиқ шавад. Баъди муддате додситонии кулл ҳам гуфт, ки моҳи декабри соли гузашта дар ин робита парванда боз кард ва баъди ба итмом расонидани тафтишот парвандаро ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристод.

Муҳокимаи Маҳмадулло Идиев, моҳи январ шурӯъ шуд ва додситон моҳи июн хост, ки афсари милиса барои “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” ба 9 соли зиндон маҳкум шавад. Баъди ҳамин муҳокима афсари милисаро дигар наёфтаанд.

Талаби ҷазои сахт барои шиканҷа

Далер Қурбонов ва Умед Ниёзов, вакилони дифои ҷабрдидаҳо гуфта буданд, ки Маҳмадулло Идиев, бояд барои бадрафторӣ ва латукӯби Толиб Дӯстов ҷазои сахттаринро бигирад.

Латукӯб ва шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят дар Тоҷикистон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маъмурони амниятӣ ва афсарони милиса ҳангоми дастгир кардани гумонбар ба ҷиноят ӯро латӯкуб мекунанд, то "гуноҳашро эътироф кунад".

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон борҳо хостаанд, онҳоеро, ки бо муттаҳамон боздоштшудагон бадрафторӣ мекунанд, ҷазои сазовор бидиҳад ва ин зуҳуротро решакан кунад.

XS
SM
MD
LG