Дар як изҳороте, ки рӯзи 13 август аз номи гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шудааст, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шудааст, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Хуҷанд, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад.
Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (NANSMIT) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.
Баррасии шикояти Хайрулло Мирсаидов дар додгоҳи шарҳи Хуҷанд рӯзи 15 август шурӯъ шуда чанд рӯз идома мекунад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ" "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум гардид.
Вакилони дифои ӯ ин ҳукмро “номунсифона” ва “хеле сангин” номиданд ва рӯзи 18 июл ба додгоҳ аризаи кассатсионӣ карда, бозбинии онро тақозо намуданд. Қабл аз он, 16 июл хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд ва изҳори умед карданд, ки ба зудӣ озод шавад. Хонаводаи Мирсаидовҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурданд.
Ҳомиёни ҳуқуқи Мирсаидов мегӯянд, ки шикояти журналист аз вуҷуди фасод боиси ба мӯҳлати тӯлонии зиндон ва ҳам маҳбаси низомаш шадид маҳкум шудани ӯ гардид.