Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм" тағйирот ворид кардааст. Дар рӯйхати Бонки миллӣ шахсиятҳои мисли Додоҷон Атовуллоев, Вайсиддин Одинаев, Шабнам Худойдодова ва чанд нафари дигар дар феҳристи афроди гумонбар дар «ифротгароӣ» зикр мешаванд. Ин афрод дар гузашта гуфтаанд, ки ҳеҷ ҷиноят содир накардаанд ва танҳо барои фаъолиятҳои сиёсӣ ва интиқод аз ҳукумат таъқиб мешаванд.
Рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм" аз тарафи Департаменти
Одилона нест, ки дар феҳристи террористон ҳам ҷинояткорон ва ҳам фаъолони сиёсӣ ҷой дода шаванд.
мониторинги молиявии Бонки Миллӣ моҳи март таҳия шуд ва аллакай баъди як моҳ мақомот ба он тағйирот ворид карданд. Ин департаменти Бонки Миллӣ бо FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ҳамкорӣ дорад. Феҳристи созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви ин созмон дастрас хоҳад буд.
Ду гуруҳ: Терроризм ва экстремизм
Рӯйхати тозаи “афроди алоқаманд ба терроризм” охири ҳафта гузашта дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нашр шуд. Тағйироти аслӣ дар рӯйхати тозанашри Бонки миллӣ - ба ду қисм ҷудо кардани ашхоси муттаҳам мебошад.
Қаблан Бонки миллӣ дар ин робита танҳо як рӯйхат таҳия ва нашр карда буд. Аммо ин бор “ашхоси алоқаманд ба терроризм” ва нафарони муттаҳам ба экстремизм дар рӯйхатҳои алоҳида ҷой дода шудаанд. Мақомоти тоҷик 1234 нафарро ба терроризм ва 122 нафари дигарро ба экстремизм муттаҳам кардаанд. Дар кулл дар ду рӯйхати Бонки миллӣ исми 1356 нафар ҷой дода шудааст, ки нисбат ба айни рӯйхати қаблӣ 16 нафар камтар мебошад.
Мақомоти Бонки миллӣ рӯзи 16 апрел омода нашуданд, ки ин феҳристи таҳриршударо шарҳ диҳанд.
Дар феҳристи афроде, ки сохторҳои интизомии Тоҷикистон онҳоро дар экстремизм муттаҳам мекунанд, чандин фаъоли мухолифи ҳукумат ҳам мебошанд. Дар миёни онҳо, аъзои созмонҳои мамнӯъшудаи «Гурӯҳи 24» ва ҲНИТ ҳам мебошанд, ки дар озодӣ ва дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Дар ҳоле, ки мақомот ин феҳристро шарҳ намедиҳанд, як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 16 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки узви ин созмонҳои мамнӯъшуда буданду мемонанд, мутобиқ ба ҳукми додгоҳи олӣ нисбати ин созмонҳо ба гурӯҳи афроди муттаҳам ба терроризм ё экстремизм шомил мешаванд.
“Дар як рӯйхат ҷой додани терористҳо ва мухолифин аз рӯи адолат нест”
Вале бархе афроде, ки исми худро дар ин рӯйхати сиёҳ ёфтанд, бо ин иттиҳом комилан розӣ нестанд. Ин ашхос мегӯянд, дар як гуруҳ ҷой додани террористон ва мухолифин аз рӯи адолат нест.
Собир Валиев, аз фаъолони собиқи “Гуруҳи 24” яке аз онҳост. Ӯ соли 2015 бо дархости мақомоти тоҷик дар Молдова боздошт ва баъди як моҳ озод шуд. Молдова бо далели сиёсӣ будани парвандааш аз ҳабсу истирдоди ӯ даст кашиданд. Вай мегӯяд, ин иттиҳоми ҳукумати Тоҷикистон бепояву асос аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ коре накардааст, ки ҳамчун ифротгароӣ ё терроризм арзёбӣ шавад. Вай гуфт, одилона нест, ки дар феҳристи террористон ҳам ҷинояткорон ва ҳам фаъолони сиёсӣ ҷой дода шаванд.
Собир Валиев, ки ҳоло ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ дар Аврупо зиндагӣ ва тиҷоратеро пеш мебарад, рӯзи 16 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сиёсат канор рафтааст, вале рӯйхати “сиёҳ”-и Бонки миллӣ барояш аллакай як дафъа мушкил эҷод кард. Вай гуфт, се моҳ пеш, вақте як нафар барояш тариқи бонкҳои Туркия маблағ ирсол намуд, маблағ ба ҳисобаш нагузашт ва натавонист маблағро дастрас кунад. Дар бонк ҳам ба ӯ нагуфтанд, ки сабаб дар чист.
Дар кулл ашхосе, ки Бонки миллӣ онҳоро “афроди алоқаманд ба терроризм” медонанд, мегӯянд, барояшон то ҳол муаммо аст, ки чаро мақомоти тоҷик онҳоро дар терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам мекунанд.
Нафари дигаре, ки худро бегуноҳ ва тӯҳматшуда медонад, Абдуманнон Шералиев, як таҳлилгари масоили иқтисодӣ ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда аст. Вай мегӯяд, эҳтимол ӯро бо дархости мақомоти маҳалли ҷойи зисти собиқаш ва ё ба хотири навиштани матлабе дар бораи ҳизби мамнуи наҳзати ислом ба рӯйхати “афроди алоқаманд ба терроризм” ворид кардаанд.
Аммо Абдуманнон Шералиев истисно намекунад, ки интиқодҳояш аз мақомоти Тоҷикистон низ аз омилҳои дигар бошад, то ӯро ба терроризм муттаҳам кунанд.
“То ҷое фаҳмидам, Додситонии кулл нисбати ман бо айби таблиғи терроризм парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Аммо дар рӯйхати Бонки миллӣ будан то ҳол бароям ягон мушкил пеш наовардааст. Чун ман мақомоти ҷойи зистамро дар ин робита хабар кардаам, ки номи ман дар ин руйхат аст,”-афзуд ӯ.
“Дархости САҲА: 14 нафарро аз рӯйхат берун кунед”
Бонки миллӣ дар ҳоле ба рӯйхати “афроди алоқаманд ба терроризм” тағйирот ворид мекунад, ки охири моҳи март САҲА аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд то исми 14 нафарро аз ин рӯйхат берун кунанд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, дар миёни афроди муттаҳам ба тероризм номи 14 журналист ва блогери тоҷик ҳам ҳаст, ки матолиби интиқодӣ ба нашр расонидаанд.
Мақомоти тоҷик то ҳол дар робита ба дархости САҲА вокуниш нишон надодаанд ва исми нафарони дар рӯйхати САҲА мавҷудбуда ҳам аз ҷониби ҳеҷ ҷонибе нашр намешавад. Аммо тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар ин феҳрасти номҳои Абдураҳим Шукуров, Собир Валиев, Аюбҷон Эгамов, Додоҷон Атовуллоев, Абдуманнон Шералиев, Бибисоро Кабирова, Эҳсон Одинаев, Вайсиддин Одинаев ва шаш нафари дигар ворид шудааст.
Дар қароргоҳи САҲА дар шаҳри Вена рӯзи 16 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти тоҷик ба дархости онҳо аз 28 март вокуниш накарданд ва ҳеҷ посухе ҳам дарёфт нашуд. Танҳо дар як маврид дипломатҳои тоҷик гуфтаанд, ки аксари ин афрод барои фаъолиятҳои сиёсии ғайриқонунӣ вориди ин феҳраст шудаанд.
Пештар аз ин баъзе аз созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат дар хориҷа аз ин феҳрист интиқод карда буданд. Онҳо гуфтанд, ин рӯйхат, ки ба FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул пешниҳод шудааст, ба унвони далел зидди онҳо истифода мешавад. Аъзои “Гурӯҳи 24” низ гуфтанд, ки ду фаъоли онҳо дар Туркия бар асоси ҳамин рӯйхат дастгир шудаанд.
Феҳристи созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул дастрас хоҳад буд.