Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ аз додситонӣ хост, ки "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунад


Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз додситонӣ тақозо кардааст, то амалкарди масъулини сохтмони "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунанд. Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе рӯзи 10-уми август бо нашри як иттилоия гуфт, таҳлили фаъолияти сохтмони "Манзили дастрас" дар кори масъулинаш камбудӣ ошкор кардааст.

Ба қавли шаҳрдорӣ, роҳбарони ин лоиҳа аз муштариён маблағҳоро гирифта, онро ба хазинаи корхона ворид накардаанд. Аммо масъулини шаҳрдории Душанбе нагуфтаанд, ки масъулини сохтмони "Манзили дастрас" чӣ миқдор маблағро аз муштариён гирифта, ба хазина ворид накардааст.

Дар назар аст, ки акнун Додситонии Душанбе ин қазияро баррасӣ кунад. "Бо дастури раиси шаҳри Душанбе маводи дахлдор барои санҷиш ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барқарор намудани зарар ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардид",--гуфтааст, дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе.

Тақдири сохтмони "Манзили дастрас"-ро дар ҳоле ба дасти додситонӣ супурда мешавад, ки моҳи апрели соли равон дар ин ширкат шӯрои нозирон таъсис ёфта буд.

Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Вале тӯл кашидану ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ, баъзе аз саҳмдоронро нигарон кард. Баъзеи онҳо соли гузашта аз хавфи онки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул мемонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои пардохтаашон шуданд.

Охири моҳи феврали имсол мақомот хабар доданд, ки кор дар сохтмонҳои "Манзили дастрас" дубора шурӯъ шудааст. Ин хабар садҳо муштарии "Манзили дастрас"-ро ки ба хотири каме арзон будани қимати хонаҳояш интихоб карда буданд, барои ҳарчи зудтар соҳиби хона шудан умедвор намудааст.

XS
SM
MD
LG