Рӯзи 1 август ҳайати зиёиену ҳунармандони тоҷик бо ҳадафи барпо кардани барномаҳои консертӣ ба Узбекистон сафар карданд. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва раҳбари ин ҳайат гуфт, ки дар ҷараёни боздиди чаҳоррӯза аз Узбекистон онҳо бо мақомоти ин кишвар масоили ҳамкории миёни фарҳангиён, созмонҳои эҷодӣ ва илмии ду кишварро баррасӣ мекунанд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви ин ҳайат гуфт, ки дар навбати худ "донишмандони тоҷик мехоҳанд ҳамкориҳои қаблии худро бо уламои узбек ба сурати муосир роҳандозӣ кунанд".
Ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода, ҳайати зиёиени тоҷикро дар ин сафар гурӯҳе аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон назири Нигина Амонқулова, Сироҷиддин Фозилов ва Афзалшоҳи Шодӣ ҳамроҳӣ мекунанд, ки дар шаҳрҳҳои Бухорову Самарқанд барномаҳои ҳунарӣ ба иҷро мегузоранд. Сафари зиёиёну ҳунармандони тоҷик ба Узбекистон то 4 август идома мекунад.
Ин барнома дар остонаи сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сурат мегирад, ки барои нахустин бор баъди барқарор шудани робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон барпо хоҳад шуд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки президенти Тоҷикистон қарор аст рӯзҳои 16 ва 17 август ба Тошканд сафар карда, бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кунад. Дар доираи ин сафар баргузории як намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Тошканд ҳам дар назар аст.
Моҳи марти соли ҷорӣ нахустин дидори расмии ду президент дар Тоҷикистон, дар доираи сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе баргузор шуд. Дар ин сафар миёни ду давлат 27 шартномаи ҳамкорӣ имзо шуд ва як консерти муштараки ҳунармандони тоҷику узбек ҳам барпо гардид, ки дар беш аз 20 соли охир собиқа надошт.