Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия намояндагӣ мекунанд?


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

То рӯзи 1-уми август ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба шаш намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ ва таэквондо WTF – эълон шуд.

ФУТБОЛИ ЗАНОНА

Мусобиқаи футбол миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 16-уми август дар шаҳри Палембанг оғоз меёбад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонгконг ва Чин мебошанд. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 30-юми август баргузор мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон 18 футболбоз дохил аст:

Дарвозабонҳо:
Сайёра Саидова (“Динамо”, Душанбе)
Адолатхон Комилова (“Бохтар”, Бохтар)
Шукронаи Азимзода (“Норак”, Норак)

Ҳимоятгарон:
Шукрона Хоҷаева (“Динамо”, Душанбе)
Шаҳноза Бобоева (“Бохтар”, Бохтар)
Нодира Мирзоева (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Марҷона Файзуллоева (“Ласточка”, Душанбе)
Насиба Олимова (“Норак”, Норак)
Саҳина Саидова (“Дӯстӣ”, Дӯстӣ)

Нимҳимоятгарон:
Муниса Мирзоева (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Сайрамҷон Холназарова (“Бохтар”, Бохтар)
Наталия Сотникова (“Ласточка”, Душанбе)
Шукронаи Ҷумъахон (“Ласточка”, Душанбе)
Мавҷуда Сафарова (“Бохтар”, Бохтар)
Лайло Ҳалимова (“Бохтар”, Бохтар)

Ҳамлагарон:
Мадина Фозилова (“Ласточка”, Душанбе)
Зулайхо Сафарова (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Некӯбахт Худодова (“Динамо”, Душанбе)

Сармураббӣ: Қаноат Латипов

Тақвими бозиҳои мусобиқаи дастаҳои футболи занона дар гурӯҳи “В”


17-уми август. Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон

20-уми август. Тоҷикистон - Чин

22-юми август. Ҳонгконг – Тоҷикистон

Оғози бозиҳо - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ВАРЗИШИ САБУК

Мусобиқа оид ба варзиши сабук аз 25-ум то 30-юми август дар шаҳри Ҷакарта барпо мегардад. Тоҷикистонро инҳо намояндагӣ мекунанд:

Дилшод Назаров (гурзандозӣ);
Абдурауф Мӯсоев (гурзандозӣ);
Кристина Пронженко (дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа);
Григорий Дерипаскин (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр);
Давронҷон Атабоев (дав ба масофаи 400 метр);
Одилшоҳ Исматов (дав ба масофаи 800 метр).

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, се бор (2006-Доҳа, 2010-Гуанжоу, 2014-Инчон) ғолиби Бозиҳои осиёӣ гардидааст.

ГУШТИИ КУРАШ

Мусобиқа оид ба гуштии кураш рӯзҳои 28-30-юми август дар шаҳри Ҷакарта доир мегардад. Мусобиқа аз рӯи чор дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-66 кг, -81 кг, -90 кг, +90 кг) ва се дараҷаи вазнҳо миёни занон (-52 кг, -63 кг, -78кг) баргузор мешавад. Варзишгарони тоҷик дар ҳар чор вазн миёни мардон ширкат мекунанд:

Вазни -66 кг
Орифҷон Додов
Баҳодур Ҳалимов

Вазни -81 кг
Акмал Муродов
Беҳрӯз Хоҷазода

Вазни -90 кг
Ҳоҷимашраб Раҳмонов
Ғазалшои Давлатшо

Вазни +90 кг
Набимуҳаммад Хоркашев
Саидҷалол Саидов

Зимнан, гуштии кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи осиёӣ ворид шудааст. Дар ин намуд варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон як медали нуқра (Хоҷазода Беҳрӯз, -73 кг) ва ду нишони биринҷӣ (Насимов Фирдавс, -100 кг, Хусравов Хушқадам, -66 кг) ба даст оварда буданд.

ГУШТИИ САМБО

Мусобиқа оид ба самбо аз 31-уми август то 1-уми сентябр дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи ду дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-52 кг, -90 кг) ва ду дараҷаи вазнҳо миёни занон (-48 кг, -68 кг) сурат мегирад. Варзишгарони тоҷик дар ҳарду вазн миёни мардон ширкат меварзанд:

Вазни -52 кг
Сомон Сангов
Ҷомии Ҳасан

Вазни -90 кг
Комроншоҳи Устопириён
Умед Ҳасанбеков

Сармураббӣ: Носир Бозоров

Гуштии самбо низ мисли кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи осиёӣ ворид шудааст. Соли гузашта дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон Ҷомии Ҳасан медали нуқра, Умед Ҳасанбеков медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

ШИНОВАРӢ

Мусобиқа оид ба шиноварӣ рӯзҳои 19-24-уми август дар шаҳри Ҷакарта миёни мардону занон баргузор мешавад. Ҳайати дастаи Тоҷикистон чунин аст:

Карина Климик (100 м. Breaststroke, 50 м. Butterfly, 50 м. Breaststroke, 50 м. Freestyle);

Анастасия Тюрина (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle, 50 м. Freestyle);

Алиҷон Хайруллоев (50 м. Freestyle, 100 м. Freestyle, 50 м. Butterfly);

Олимҷон Эшонов (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle).

Сармураббӣ: Алишер Чингизов

ТАЭКВОНДО WTF

Мусобиқа оид ба таэквондо WTF рӯзҳои 20-23-юми август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо миёни мардону занон баргузор мешавад. Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунад:

Маҳмадҷон Суннатов (-58кг)
Хуррам Меҳтаршоев (-63кг)
Фарҳод Неъматов (-80кг)

Сармураббӣ: Далер Фозилов

Варзишгарони тоҷик оид ба таэквондо WTF дар Бозиҳои осиёӣ чор медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Шокирҷон Раҷабов (2006, Доҳа), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (2014, Инчон).

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ барои бори ҳафтум ширкат хоҳанд кард. Умуман, дар ин Бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ) гирифтааст.

Варзишгарони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои XII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон (2-16 октябри соли 1994) иштирок намуда, соҳиби 2 медали биринҷӣ гардидаанд. Ин медалҳоро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Исроил Исмоилов дар намуди каратэ-до (вазни -80 кг) ва Хайрулло Назриев дар намуди ҷудо (вазни -86 кг) оварданд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Бангкоки Тайланд (6-20 декабри соли 1998) бе медал монданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XIV тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ (29 сентябр – 14 октябри соли 2002) сазовори 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) шуд:
Медалҳои нуқра:
Лидия Карамчакова – гуштии озод, -48 кг
Юсуф Абдусаломов– гуштии озод, -74 кг
Медалҳои биринҷӣ:
Шамил Алиев – гуштии озод, -84 кг
Абдусалом Ҳасанов – бокс , -54 кг
Меҳроҷ Умаров – бокс, -48 кг
Исроил Исмоилов – карате-до, -75 кг

Тоҷикистон дар Бозиҳои XV тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар (1 – 15 декабри соли 2006) аввалин маротиба медалҳои тиллои Бозиҳои осиёиро сазовор шуд. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд:
Медалҳои тилло:
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ, натиҷааш 74,43 м
Ҷаҳон Қурбонов, бокс, - 81 кг
Медалҳои биринҷӣ:
Расул Боқиев, ҷудо, -73 кг
Шокирҷон Раҷабов, таэквондо WTF, -84 кг

Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин (12 – 27 ноябри соли 2010) соҳиби 4 медал - 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид:
Медали тилло:
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ, натиҷааш 76,44 м
Медалҳои биринҷӣ:
Расул Боқиев, ҷудо, -73 кг
Муродҷон Тӯйчиев, гуштии юнониву румӣ, 120 кг
Ҷаҳон Қурбонов, бокс, -91 кг

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, ҷудо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэ-до, таэквондо WTF, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо WTF байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни + 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ бо касби 5 медал дар байни 45 кишвар дар ҷойи 23-юм қарор гирифт. Ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ сар аз соли 1994 ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG