Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Автобус ва троллейбусҳо ба ҷодаҳои Хуҷанд бармегарданд


Ба зудӣ дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд 25 автобуси нави мусофирбари навъи "ЛИАЗ"-и русӣ ба ҳаракат медароянд. Қарор аст 75 автобуси дигар моҳи оянда дар хиёбонҳои Хуҷанд ба мусофиркашонӣ шурӯъ кунанд.

Микроавтобусҳои кӯҳнаро аз Хуҷанд бармечинанд

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 24-уми уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин автобусҳо, ки дорои 25 ҷои нишаст буда, дар маҷмӯъ, гунҷоиши 70 мусофирро дорад, микроавтобусҳои кӯҳнаро иваз хоҳанд кард.

Сокинон мегӯянд, ки набуди нақлиёти калони мусофиркашон ва зиёд шудани маршруткаву таксиҳо, боиси тамбашавии роҳҳо ва афзудани садамаҳои нақлиётӣ мегардад.

"Ин кор дар доираи Барномаи таҷдиди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ва бо маблағгузории Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (БАБР) сурат мегирад. Барои ин барнома бонк 26,8 млн. доллар маблағ ихтисос додааст, ки 8 миллион доллараш грант аст",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ин масъули ҳукумати Хуҷанд, ба гардиш даромадани автобусҳои нав дар роҳҳои маркази вилояти Суғд нақлиёти хурди мусофирбарро кам ва аз тамбашавии роҳҳоро ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Падруд ба автобусҳои давраи шӯравӣ

Бар пояи иттилои расмӣ, қадами дуввуми барномаи таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ, ба гардиш даровардани троллейбусҳои навро пешбинӣ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум аз кор мондааст. Дар ин бора бо ширкате аз Русия дар ҳошияи намоишгоҳи тиҷоратии "Суғд – 2018" ахиран дар Хуҷанд ёддоши ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Мутахассисони бахши роҳу нақлиёт мегӯянд, тӯли беш аз 25 соли гузашта ба сабаби бӯҳрони молӣ ва камбуди сӯзишвории нақлиётӣ дар Тоҷикистон, ҷои автобусҳо ва троллейбусҳои кӯҳнаву фарсудаи мусофиркаш бозмонда аз давраи шӯравиро микроавтобусҳо ва таксиҳо гирифтанд. Солҳои охир шурӯъ аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳо автобусҳои наву замонавӣ ҷои маршруткаву таксиҳоро танг мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар маркази вилояти Суғд, ки ҳудуди 200 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунанд, микроавтобус ё маршрутка ягона нақлиёти ҷамъиятӣ ба шумор меояд. Бино ба омори расмӣ, ҳудуди 1.5 ҳазор маршрутка дар хатсайрҳои дохил ва берунишаҳрӣ дар ҳаракат аст. Дар канори он ҳаракати ҳудуди 35 ҳазор нақлиёти хусусии сокинони Хуҷанд роҳҳоро пур кардаву тамбаҳо сохта, ба сокинон дарди сар эҷод мекунад.

Хушҳолии сокинон аз ҳал шудани мушкили нақлиёт

Сокинон мегӯянд, набуди нақлиёти калони мусофиркашон ва афзоиши маршруткаву таксиҳо, боиси тамбашавии роҳҳо ва афзудани садамаҳои нақлиётӣ мегардад. Нороҳатӣ ва азияти сокинон умдатан аз ҳаракат дар маршруткаҳои тангу пур аст. Сокинон хабари деринтизори ба ҷои маршруткаҳо ба гардиш даромадани автобусҳоро хуш истиқбол кардаанд.

Меҳринисо Шамсидинова, сокини Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Маршруткаҳо одами бисёр мегиранд, баъзан рост истода меравем. Аз соати 9 ба баъд барои рафтан ба маҳаллаҳои канори шаҳр ночор таксӣ мегирам. Нағз мешуд автобусҳо то соати 12-и шаб ҳаракат мекарданд."

Барномаи таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд, дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, соли 2010 аз ҷониби шаҳрдории Хуҷанд таҳия гардида, вале иҷрои он ба сабаби камбуди маблағ ба таъхир афтода буд.

XS
SM
MD
LG