Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорон мегӯянд, ҳукми Хайрулло одилона нест


Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон аз таъйини 12 соли зиндон барои рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронии амиқ кард.

Шӯрои воситаҳои ахбори омма рӯзи 13-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “дар ҷомеаи демократӣ ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд қобили ҷазо бошад, вале бояд мурофиаҳои судӣ бар пояи арзишҳои инсонӣ, умумибашарӣ ва риояи қонун баргузор гардида, қарорҳои одилона содир намояд. “

Ба назари аъзои шӯро ҳукми додгоҳ одилона нест ва “содир намудани чунин ҷазои сангин, дар ҷомеаи мардумсолорӣ бешак, адолати судиро зери суол мебарад. “

Дар баёния ҳамчунин омадааст, “Аз ин ҷо, мо бо изтиробу нигаронии зиёд таъкид намуданӣ ҳастем, ки ҳукми сангини судӣ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов дар баробари халали ҷиддӣ ворид намудан ба раванди рушди озодии баён, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодина шудани арзишҳои мардумсолорӣ дар кишварамон, ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон, ба обрӯву нуфузи давлат ва ҳукумати кишварамон латма ворид месозад.”

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 11-уми июл Мирсаидовро дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 12 соли зиндони низомаш сангин айбдор кард.

Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст.

XS
SM
MD
LG