Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ хост, ки тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ аз саёҳонро бас кунанд, чун ин корашон "хиёнат ба ватан" аст.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфт, «Айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиро мегурезонад. Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳои хориҷӣ пул меситонанд, ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад."
Суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро рӯзи 30-уми июн дар телевизионҳои давлатӣ намоиш доданд ва ӯ зимни суханронӣ ба мақомоти интизомӣ ҳушдор дод, дар сурати ришваситонӣ дар ҷомеа шармсор карда мешаванд.
Гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар ин гузориш бишнавед
“Корманди интизомие, ки ба ин амали номатлуб даст мезанад, аз тариқи ҳамаи шабакаҳо нишон дода шавад. Як корманди тасодуфӣ дар сохторҳо ба ҳамин амали ноҷои худ обрӯи Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон мерезонад ва кореро мекунад,ки хоинон дар нисбати давлату халқи худ карда истодаанд” - афзуд, президенти Тоҷикистон.
Сӯҳбати олуда ба хашм
Ҳангоми сӯҳбати олуда ба хашми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора фармондеҳони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ рост истода ба ӯ гӯш медоданд ва сар меҷунбонданд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кормандони гумрук, сардорону масъулони гузаргоҳҳои сарҳадӣ муаррифгари фарҳангу одоби миллӣ ба меҳмонону сайёҳон дар дарвозаҳои кишвар ҳастанд ва бояд бомаданият, боодоб ва хушмуомила бошанд.
Муомилаи дурушти маъмурони милиса ва ҳам тамаъҷӯии онҳо аз саёҳон яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва пешин дар Тоҷикистон аст. Як моҳ пеш аз ин суханронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сайёҳи 34-солаи Руминия Миҳай Сика ба нашр расид, ки дар он видео ошкоро дида мешуд, ӯ ба як нозири роҳ дар даромадгоҳи Кулоб ришва медиҳад ва сипас асабонӣ озими Душанбе мешавад. Баъди ин навор ду афсари милисаро аз мақомашон барканор карданд.
Сайёҳони қаноатманду хушнуд
Аммо гурӯҳе аз сайёҳони хориҷӣ, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ бо онҳо дар маркази Душанбе сӯҳбат карданд, гуфтанд, ки ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон муомила бо онҳо хуб будааст. Як ҷуфти фаронсавӣ, ки дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гашт мезаданд, гуфтанд, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон омадаанд.
“Мо дар Самарқанду Бухоро будем ва ба Тоҷикистон омадем, роҳҳои Тоҷикистон хеле тахту ҳамвор аст. Пас як рӯз ба Бадахшон меравем. Тоҷикистон ва мардумаш ба мо писанд омаданд. Ҳеҷ кас монеъ нашудааст ва чизе ҳам напурсидааст” - гуфт, яке аз онҳо.
Тоҷикистон ва мардумаш ба мо писанд омаданд. Ҳеҷ кас монеъ нашудааст ва чизе ҳам напурсидааст
Маъмурони милиса, ки тартибот дар марказро назорат мекунанд, аз ҷумла масъули назорати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳастанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор карданд, ки дар гузашта ду корманди милисаро барои муносибати бад бо сайёҳон аз кор хориҷ кардаанд.
“Ҳоло муомилаи кормандони мо хуб аст ва вақте сайёҳи хориҷӣ меояд бидуни мамониат акс мегирад тамошо мекунад” гуфт, яке аз ин маъмурони милиса ба Радиои Озодӣ.
Ҳадафҳои аслии ҷалби саёҳон ба Тоҷикистон
Дилшод Ниёзов, масъули ширкати саёҳии “Интурист”, ки мегӯяд, асосан туристоне дучори мумилаи нохуби кормандони интизомӣ мешаванд, ки мустақилона аз кишварҳои дигар бо мошину мотосикл ва дучарха меоянд.
Давлати Тоҷикистон рушди ҷаҳонгардиро барои пешрафти иқтисоди заифи кишвар бисёр муҳим номид ва соли 2018-ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кард. Ҳукумат умедвор аст, равуои зиёди хориҷиён айни замон бо афзоиш додани даромад ба буҷа, як далели хубе барои амну босубот ва макони сармоягузорӣ нишон додани Тоҷикистон мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар панҷ моҳи имсол беш аз 900 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, чаҳор баробар бештар мебошад.