Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси яке аз намояндагиҳои “Тоҷпромбонк” дастгир шуд


Раиси собиқи яке аз намояндагӣ ё филиалҳои “Тоҷпромбонк” бо гумони “азонихудкунӣ ё исрофкории пул” дастгир шудааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн дар ин бора хабар дода, вале аз гумонбар ном набурданд. Мақомот гуфтанд, нафари гумонбар сокини 53-солаи шаҳри Душанбест.

Ба иттилои мақомот, нафари гумонбар “ҳамроҳи сардори шуъбаи кредитӣ бо роҳи сохтакорӣ ба номи сокини 60-солаи шаҳри Турсунзода санад тартиб дода, 300 ҳазор сомониро гирифтаанд”.

Дар ҳолати дигар, аз як сокини Ҳисор барои пардохти қарзи бонкиаш 35 000 сомонӣ гирифта, вале ба ҷои дар хазина гузоштан ба корҳои худ сарф намудаанд.

Нисбат ба ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Моҳи марти соли гузашта бо пешниҳоди Бонки миллӣ ва қарори додгоҳ "Тоҷпромбонк" муфлис эълон шуд. Додгоҳ барои ҳисобӣ кардан бо муштариёни бонк ба мудирияти муваққат 2 сол муҳлат додааст.

XS
SM
MD
LG