Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 тоҷик бо гумони қатли Сайёд Сафархоҷаев дар Русия. ВИДЕО


Амриддин Салоҳиддинов ва Саидхӯҷа Исмоилов
Амриддин Салоҳиддинов ва Саидхӯҷа Исмоилов

Пулиси шаҳри Екатеринбурги Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қатли ҳамдеҳаашон Сайёд Сафархоҷаев боздошт кардааст.

Дар занозании 14-уми апрели имсол Сайёд Сафархоҷаев, сокини ноҳияи Кӯшониён, кушта шуда, бародараш Дилшод Сафархоҷаев захмӣ гардид. Фарзияи ибтидоии тафтишот ин аст, ки муноқиша миёни ҳамдеҳаҳо бар сари 15 ҳазор рубл сар задааст.

Сайёд Сафархоҷаев
Сайёд Сафархоҷаев

Алиакбар Идиев, яке аз дӯстони Сайёд Сафархоҷаев, дар парвандаи қатли ӯ ба ҳайси шоҳид иштирок дорад. Вай рӯзи 21-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот Сайхӯҷа Исмоиловро гумонбари аслӣ дар қатли Сайёд эътироф кардааст. "Амриддин Салоҳиддинов ва як нафари дигар бо номи Ҷамшед ҳамчун шоҳид ва иштирокчӣ дар парванда сабт шудаанд. Аммо онҳо низ дар ҳодисаи куштор даст доранд ва бояд ҷазои сазовор бигиранд", - гуфт ӯ.

Идиев афзуд, Дилшод Сафархоҷаев - бародари Сайёд, ки дар занозании моҳи апрел захмӣ шуда буд, аз Русия ихроҷ гардидааст.

Қаблан пулиси Русия Амриддин Салоҳиддинови 35-сола ва Саидхӯҷа Исмоилови 28-сола, ду сокини вилояти Хатлонро дар қатли Сайёд Сафархоҷаев муттаҳам карда, дар қатори афроди "хатарнок" қарор дода буд. Акси ин ду нафар дар кӯчаву хиёбонҳо низ насб шуда, мақомот барои пайдо намуданашон аз мардум ёрӣ хоста буданд.

Ба иттилои пайвандони Сайёд Сафархоҷаев, Амриддин Салоҳиддинов аз ҳамсояҳои онҳо дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён буда, Саидхӯҷа Исмоилов сокини ҷамоати "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш аст.

Хонаводаи нафарони гумонбар то ба ҳол дар бораи ин қазия изҳори назар накардаанд. Аммо Исматулло Сафархоҷаев, падари Сайёд, гуфт, ки умед дорад дар ниҳоят қазияи қатли писараш одилона баррасӣ ва омилони ин куштор ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "талаб дорем, ки муттаҳамон тибқи қонун ҷазо гиранд.”

Падари Сайёд: Қотилони писарамро боздошт ва муҷозот кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

​Ба гуфтаи наздикон, Сайёд Саидхоҷаев, ки солҳои охир дар Екатеринбурги Русия зиндагӣ ва дар як хадамоти шустушӯи мошинҳо кор мекард, дар Тоҷикистон ҳамсари тоҷик дошт ва бе фарзанд буд. Вале дар Русия ҳамсари русаш таваллуди фарзанди дувумро интизор аст. Хонавода мегӯяд, ки ҳамсари руси Сайёд ҳам бо пулис дар тамос аст ва талош дорад, ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Ҷасади Сайёд рӯзи 16-уми апрел ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва рӯзи 17-уми апрел дафн карда шуд.

Дар Русия, ки солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор мераванд, ҳалокати муҳоҷирон зиёд сабт мешавад. Соли гузашта аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобути муҳоҷир оварда шудааст. Аксари онҳо дар садамаҳои нақлиётӣ, дар задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва дигар ҳодисаҳо ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG