Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бе корт роҳ намедиҳанд. Мусофир бояд чӣ кор кунад?" ВИДЕО


Аз 18-уми июни имсол дар мусофирбарҳои шаҳри Душанбе пардохти нақдӣ манъ шуд. Барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мусофирон бояд “City Card” ваё корти электронӣ бигиранд. Кормандони хадамоти нақлиёти шаҳри Душанбе онҳоеро, ки чунин корт надоранд, ба автобусу троллейбус роҳ намедиҳанд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ки барои истифода аз низоми электронӣ ҳанӯз омода нестанд.

“Бе корт роҳ намедиҳанд. Мусофир бояд чӣ кор кунад? Масалан, ӯ даҳ сомонӣ надорад. Фақат ду сомонӣ дорад. Бояд ба автобус нашинад? Сафсата.”

“Як дафъа аз автобус истифода кардем. Гоҳе мешавад, ки аз кор мебарояд ваё ягон мушкили дигар пеш меояд.”

“Мо аз аввал корт харидем. Хеле мувофиқ аст. Ба назди терминал меоем ва ба ҳисоби корт пул мегузаронем, тамом.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Истифодаи пули нақд дар нақлиёти мусофирбари Душане манъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Корт 10 сомонӣ нарх дорад. Чаҳор сомонӣ пули худи корт ва шаш сомонии дигар дар ҳисобаш захира мешавад. Ин миқдор пул барои чаҳор бор истифода аз автобус ва 6 дафъа нишастан дар троллейбус кофӣ аст.

Терминалҳои махсус барои пур кардани ҳисоби кортҳо дар ҳар истгоҳ гузошта шудааст. Дар назди ин терминалҳо ихтиёриён ҳам корт мефурӯшанд ва ҳам тарзи дурусти истифода аз онро нишон медиҳанд.

Талоши нахустини шаҳрдории Душанбе барои роҳандозии низоми пардохти электронӣ дар автобусу троллейбусҳо дар моҳи апрели имсол муваффақ нашуд. Сокинон нахостанд, барои харидани корт чаҳор сомонӣ сарф кунанд.

Аз тарафи дигар дар нақлиёти ҷамъиятӣ “валидатор” ё дастгоҳи махсуси электронӣ фаъол набуд. Масъулон мегӯянд, ҳоло ин нуқсон бартараф шудааст.

Қурбон Холов
Қурбон Холов

Қурбон Холов, намояндаи идораи хадамоти нақлиёт дар пойтахт гуфт, ки “шаҳрвандон шикоят мекарданд, терминалҳо кор намекунанд. Имрӯз ҳамаашон фаъол ҳастанд. Ягон масъала пайдо шуд, ба ширкати “Авестогруп” муроҷиат кунанд.”

Ба қавли мақомоти шаҳрдорӣ, низоми электронии пардохт танҳо ба манфиат аст. “Ҷорӣ шудани корти электронӣ сатҳу сифати хидматрасонӣ дар нақлиёти пойтахтро беҳтар мекунад. Ба баҳси миёни мусофирону ронандаҳо дар мавриди баргардондани бақия нуқта мегузорад”, - гуфт Қурбон Холов.

Аммо ба инобат гирифта намешавад, ки садҳо “кондуктор”-и троллейбусу автобусҳо метавонанд бекор монанд.

Тибқи нақша то моҳи оянда ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба низоми электронӣ мегузаранд.

XS
SM
MD
LG