Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бинои як соҳибкори эронӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Дар Душанбе як маркази савдои мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ оташ гирифт. Сӯхтор дар бинои сеошёнаи воқеъ дар маҳаллаи “Водонасосний” пас аз зуҳри 19-уми июн сар зад ва тақрибан дуним соат идома кард.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз маҳалли сӯхтор гуфтанд, ки ошёнаи севуми бино пурра сӯхта, ба ошёнаҳои якуму дувум осеб нарасид. “Тавре дида шуд тақрибан панҷ мошини оташнишонӣ ва наҷотбахшҳо ҳузур доштанд. Дар ин бино асосан дафтарҳои кории шуморе аз ширкат ва муассисаҳо ҷойгир ҳастанд”, - гуфтанд хабарнигорони мо.

Сӯхтор дар бинои як соҳибкори эронӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Бинои мазкур ба соҳибкори эронӣ Ҳасани Ормонпур тааллуқ доштааст, вале ҳоло соҳибкори эронӣ дар Тоҷикистон ҳузур надорад. Як соҳибкори эронӣ ва намояндаи масъули бино ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои наздик зарари ворида мушаххас карда мешавад.

Ӯ афзуд, “забонаи оташ ба биноҳои якуму дувум напечид ва филиали “Амонатбонк”, дорухона, маркази ултрасадо, мағозаи фурӯши тӯҳфаҳо ва мағозаи хӯрокворӣ эмин монданд.”

Тайи як моҳи охир шаҳри Душанбе шоҳиди чанд сӯхтори дигар низ буд. Дар ин муддат дар бозори "Султони Кабир", корхонаи дӯзандагии "Суман", каҳвахонаи маъруфи "Мерве" ва дар маҳаллаи маъруф ба Комбинати гушт (Мясокомбинат) сӯхторҳо ба амал омад, ки зиёни умумии он ба садҳо ҳазор сомонӣ мерасад.

XS
SM
MD
LG