Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: "Сабти IMEI барои ширкатҳои мобилӣ ҳатмист"


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, рақами IMEI-и ҳамагуна воситаҳои алоқаро ширкатҳои мобилӣ бояд сабт кунанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар як баёния гуфтааст, барои сабти рақами IMEI таҷҳизот низоми ягона таъсис меёбад. “Мақсади асосии ин иқдом пешгирии ҳолатҳои дуздии таҷҳизот ва бартараф кардани воридоти ғайриқонунии онҳо ба кишвар мебошад”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Атоев, тартиботи нави бақайдгирии IMEI имконият медиҳад, ки ҷиноятҳои дигаргунсозии таҷҳизот ошкор шуда, воридоти ғайриқонунии чунин таҷҳизот пешгирӣ карда шавад.

Ин мақоми Хадамоти алоқа гуфтааст, сабтиноми рақами IMEI мувофиқи моддаи 6-уми қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” сурат мегирад ва иҷрои он барои ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ҳатмӣ аст.

Масъулони ширкатҳои мобилӣ ва Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон сабтиноми рақами IMEI-и ҳама дастгоҳҳои алоқа як маъракаи хеле пурташвиш ва пурхарҷ хоҳад буд. “Дар ниҳоят хароҷоти сабтиноми ин рақамҳои дастгоҳҳои алоқа бар дӯши муштариён меафтад ва ба гарон шудани нархи гуфтугӯ ва интернет боис мешавад”, - гуфтанд онҳо.

IMEI – “International Mobile Eguipment Identifier” – индентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ буда, аз 15 рақам иборат аст. Шаш рақами аввали IMEI тамғаи телефон, ду рақами дигар - давлати истеҳсолкунанда ва шаш рақами минбаъда – рақами серияи таҷҳизот мебошад.

Рақами IMEI дар қуттии таҷҳизоти ниҳоӣ навишта шуда, дар сурати дар телефон чидани рамзи *#06# низ падид меояд.

XS
SM
MD
LG