Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков ба Чин: мошинҳои барқӣ дар Қирғизистон истеҳсол шаванд


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 6 июн дар мулоқот бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин дар шаҳри Пекин пешниҳод кард, ки дар хоки Қирғизистон як корхонаи истеҳсоли мошинҳои барқӣ сохта шавад.

Ҷеенбеков бар ин назар аст, ки Қирғизистон метавонад, пойгоҳи истеҳсол ва фурӯши мошинҳои барқии чинӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шавад.

"Ҳамкорӣ дар ин самт дар доираи ташаббуси "Як камарбанд -- як масир" ояндадор хоҳад буд", - гуфт Ҷеенбеков.

Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир мошин истеҳсол намешавад. Аз Ҷопон, кишварҳои Аврупо, Русия ва ИМА ба ин кишвар мошин ворид мешавад.

Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ дар Чин ҳузур дорад ва рӯзҳои 9-10 июн дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG