Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мақомот хостааст, барои пайдо кардани соҳибкороне, ки бо навиштаҷоти "Бги дега" либос ворид мекунанд, кумак намоянд. Масъулони кумита ин навиштаҷот дар пироҳанҳои тобистонаи мардонро "таҳқиромез" ва мухолифи қонун донистанд.
Дар инҷо фурӯшанда чандон айб надорад. Истеҳсолкунанда ё воридкунанда айбдоранд, ки чунин либосҳоро бо навиштаҳое ба мисли "бги дега" барои фурӯш ворид кардаанд
“Ин жаргони зишт аст”
Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 5-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора ба Оҷонси "Тоҷикстандарт" нома фиристоданд, зеро тамғагузорӣ ба молу маҳсулотро ин ниҳод назорат мекунад. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, баъзе соҳибкорон барои рушди тиҷорат ва даромад чунин либосҳоро ворид мекунанд, аммо намедонанд, ки корашон қонуншиканӣ аст.
Матробиён гуфт, худи ӯ ҳам чунин пироҳанҳоро дар бозор дидааст ва мегӯяд, "ин жаргони зишт аст, ки дар байни ҷавонон истифода мешавад. Дар инҷо фурӯшанда чандон айб надорад. Истеҳсолкунанда ё воридкунанда айбдоранд, ки чунин либосҳоро бо навиштаҳое ба мисли "бги дега" барои фурӯш ворид кардаанд."
“Бги дега” чӣ маъно дорад?
“Бги дега” ибораест, ки як сол боз миёни ҷавонони тоҷик “муд” шуда, маънои он гуногун шарҳ дода мешавад. Баъзеҳо ба ин боваранд, ибора баъд аз шадид шудани қонуни танзим, ки гузоштани дегҳои зиёдро дар маросими тӯю мотам манъ мекунад, ба "муд" даромад.
Қисме ҳам онро идомаи жаргонҳое медонанд, ки чанд соли пеш миёни ҷавонон маъмул шуд. Як пурсиши мо ҳам дар миёни ҷавонон нишон дод, ки ин ибора аксаран дар муроҷиат ба духтарони ҷавон истифода мешавад. Барои мисол, агар ҷавоне мехоҳад, мухотабаш аз ҷои нишасташ бархезад, аз ҳамин ибораи "бги дега" истифода мекунад.
Замоне “Роғун”-у “Ҳомиён” буд
Кумитаи забон ва истилоҳот мехоҳад, монеи воридоти чунин либосҳо шавад, вале тоҷирон мегӯянд, соҳибкорон вобаста ба талаботи бозор ва дархости харидорон чунин либосҳоро фармоиш додаву ба бозор ворид мекунанд.
Мурод, як тоҷири бозори "Корвон", гуфт, ин либосҳо аз Чин, Қарғизистон ва Узбекистон ворид карда мешаванд. Ӯ гуфт, дар гузашта бо дархости харидорон пироҳан ва шими варзишӣ бо навиштаҳои "Роғун", "Тоҷикистон", "Душанбе" ваё бо тасвири парчаму нишонҳои миллӣ ворид карда мешуд.
"Чанд соли пеш филми туркии "Ҳомиён" дар миёни сокинони Тоҷикистон маъруф буд. Ҳамон вақт соҳибкороне, ки яклухт мол ворид мекунанд, либосҳо бо навиштаи "Ҳомиён" вориди бозор мекарданд. Ин чиз ҳамеша ҳаст", - гуфт ӯ.
Ингуна ибораҳо миёни ҷавонони шаҳрнишин роиҷ буда, дар рустоҳо нисбатан камтар дида мешавад. Акбар, сокини Душанбе, ҳар рӯз даҳҳо бор ибораи "Бги дега"-ро аз дӯстонаш шунидааст. Ба қавли ӯ, ҳатто чанд тан аз репсароҳо бо истифода аз ин жаргон реп хонданд. Ба назари ин ҷавон, фурӯши чунин нимтанаҳо як кори маъмулӣ аст, зеро ба гуфтаи ӯ, “таҷрибаҳо нишон медиҳанд, вақте як жаргон зиёд “муд” мешавад, албатта, ҷавонон мехоҳанд онро дар либосашон ҳам нависанд.”
Забоншиносон мегӯянд, ин гуна жаргонҳо ё сленгҳо дар аксар забонҳои дунё мавҷуданд, аз ҷумла дар забони ҷавонон. Зебуннисо Бобоалиева, забоншиноси тоҷик, ки истифодаи жаргонҳоро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, дар 20 соли охир "жаргон" ё таъбирҳои аҷибу ғариб ба як бахши аслии сӯҳбати ҷавонони тоҷик табдил ёфтааст. Дар панҷ соли охир таркибу маънии онҳо зишту дағалтар шудааст.
Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, ибораҳои бемаънӣ набояд дар либосҳо вуҷуд дошта бошанд ва талоши барои монеъ шудан ба вориди либосҳо бо ибораи "Бги дега" як талош барои покиза нигаҳ доштани забон аст.