Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби волидон аз ҳукумат: "Таътили бачаҳоро баргардонед"


Як гурӯҳ аз волидон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки реҷаи пешинаи таътил ба мактабҳо баргардонда шавад. Муроҷиатнома бо имзои беш аз 600 падару модар рӯзи 28-уми май ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол гардид.​

Як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ин масъаларо ҳукумати кишвар баррасӣ дорад.

Падару модарон дар номаи худ аз он нигаронӣ кардаанд, ки аз таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум кардани хонандаҳо ба саломати кӯдакон бетаъсир намонда, хонандаҳоро хаста ва майли онҳоро ба таҳсил кам кардааст. "Аз назари равонӣ, тӯлонӣ идома ёфтани вақти таътили зимистона ба таълими комил баргардондани мактаббачаҳо таъсири манфӣ мерасонад", - омадааст дар мактуби падару модарон ба ҳукумати Тоҷикистон.

Волидон дар номаи худ хостаанд, занги охир мисли солҳои қабл ба рӯзи 25-уми май баргардонда шавад ва дар ҳамон рӯз дарсҳо хотима ёбанд. "Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати баргардондани реҷаи пешинаи банақшагирии вақти таътили мактаббачагон тадбирҳои зарурӣ андешед", - хулоса кардаанд волидон.

Камила Черешнева, яке аз муаллифони номаи дастҷамъӣ, рӯзи 28-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набуди таътил байни чорякҳо кӯдакон хаста мешаванд. “Дарсро ҳам хуб ҳазм карда наметавонаанд”, - гуфт ӯ.

Соли 2010 бо дастури вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои кишвар аз миён бардошта шуд. Таътили тирамоҳӣ аз 24-уми октябр то 1-уми ноябр ва таътили баҳорӣ аз 24-уми март то 1-уми апрел идома мекард ва тибқи дастури вазир ин рӯзҳои таътил ба таътили зимистона ҳамроҳ шуданд.

Чанд соли охир мактабҳои ҳамагонӣ тақрибан тамоми моҳи январ ба таътили зимистона мерафтанд. Вазири маориф ва илм он замон гуфт, зимистон муаллимон ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва шогирдони мактабҳо дар олимпиадаҳои мактабӣ ширкат мекунанд.

Ҳоло талаби волидон барои баргардондани таътилҳои қаблӣ дар ҳолест, ки Вазорати маориф ва илм ҳам чанде пеш барои тағйири низоми таътил ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин масъала дар ҳукумат баррасӣ мешавад ва агар ҳукумат иҷоза диҳад, низоми таътил дубора тағйир хоҳад ёфт ва ба эҳтимоли зиёд мактабҳо ба реҷаи қаблии таътил бармегарданд.

XS
SM
MD
LG