Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Нуралиев аз CБП барои Роғун пул хост


Як ҳайати Cандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" диданд карданд. Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 14-уми май иттилоъ дод, ки ҳайати Cандуқи Байналмилалии Пулро хонум Падажма Ханделвал сарварӣ мекунад.

Ҳайати Cандуқи Байналмилалии Пул пас аз ошноӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун рафта, аз ҷараёни корҳо аз наздик ошно гаштанд. Ҳайати намояндагии Cандуқи Байналмилалии Пулро дар маҳалли сохтмон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ ҳамроҳӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, "пас аз шиносоии ҳайати СБП бо сохтмони нерӯгоҳ, Нуралиев дар мавриди зарурати сармоягузорӣ ба ин нерӯгоҳ изҳори назар кардааст."

Ба итиллои Бонки миллӣ, ҳайати Cандуқи Байналмилалии Пул таҳти роҳбарии Падамжа Ханделвал, ки роҳбари СБП оид ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз санаи 12 то 23 майи соли 2018 дар кишвар боқӣ мемонад.

Тоҷикистон ду сол боз талош дорад аз СБП 500 миллион доллар қарзи имтиёзнок дарёфт кунад. Аммо то ба ҳол ба ин муваффақ нашудааст. СБП пас аз моҷарои соли 2008, ки истифодаи ғайримақсадноки маблағҳояш дар Тоҷикистон ошкор шуд, пули қарзашро пеш аз мӯҳлат дархост карда, тамоми барномаҳояшро дар Тоҷикистон мутаваққиф намуд.

XS
SM
MD
LG