Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Тоҷикистон майли камтаре ба Ғарб дорад"


Як пажӯҳиши коршиносони амрикоӣ баёнгари он аст, ки дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ, Тоҷикистону Туркманистон майли камтаре ба Ғарб доранд. Маркази стратегии тасмимҳои сиёсиву дипломатии воқеъ дар Вашингтон бо нашри ин пажӯҳиш гуфт, Тоҷикистон ва Туркманистон дар муносибат бо Ғарб аз эҳтиёт кор мегиранд.

"Саҳми Ғарб дар тиҷорати Тоҷикистон ночиз аст"

Пажӯҳиши Маркази стратегии тасмимҳои сиёсиву дипломатии воқеъ дар Вашингтон тоза нашр шуда, дар он тамоюли 14 кишвари пасошӯравӣ (ба ҷуз Русия) ба Ғарб мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Тоҷикистон феълан дар доираи чандин созмону ташкилот бо кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ дорад.

Муаллифони пажӯҳиш гуфтаанд, дар миёни 14 кишвари пасошӯравӣ аз ҳама бештар мамлакатҳои соҳили Балтика ва Гурҷистону Украина майли бештаре ба сӯи Ғарб доранд. Дар ду зинаи охири ин феҳрист исми Тоҷикистон ва Туркманистон ҷой дода шудааст. Дар пажӯҳиш аз Тоҷикистон ба унвони кишваре ном бурда шудааст, ки дар он афкори русгароӣ бештар афзалият дорад.

"Ҳеҷ як аз ҷонибҳо дар Тоҷикистон ба ҳамгироӣ бо созмонҳои ғарбӣ даъват накардааст ва изҳороти сиёсатмадорон дар ин замина хеле муҳофизакорона аст. Аз соли 2015 сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳамкори бо кишвар ИДМ авлавият медиҳад. Муносибат бо Русия дар меҳвари сиёсати хориҷии кишвар қарор дорад. Ҳамзамон роҳбарияти Тоҷикистон талош мекунанд муносибатҳо бо Амрикоро беҳбуд бахшад",- омадааст дар гузориш.

Муаллифони пажӯҳиши Маркази стратегии тасмимҳои сиёсиву дипломатии воқеъ дар Вашингтон ҳамчунин гуфтаанд, саҳми кишварҳои ғарбӣ дар тиҷорати Тоҷикистон ночиз аст.

"Тоҷикистон бо ҳама ҳамкорӣ мекунад, аммо..."

Тоҷикистонро дар ҳоле ба рӯйхати кишварҳои камтаваҷҷуҳ ба Ғарб ворид кардаанд, ки кишвар дар муносибатҳои берунаи худ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо омода ҳастанд ва ин стратегияи дарозмуддати ҳкумат аст.

Худойбердӣ Холиқназаров, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Худойбердӣ Холиқназаров, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Худойбердӣ Холиқназаров, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ба натоиҷи ин пажӯҳиш розӣ шуда наметавонад. Ба қавли ҷаноби Холиқназаров, Тоҷикистон бо назардошти консепсияи сиёсати хориҷиаш бо тамоми кишварҳо муносибати мутақобилан судмандро барқарор кардааст. Аммо дар айни замон роҳбари стратегҳои Тоҷикистон истисно намекунад, ки кишвар ба баъзе аз шарикони стратегиаш ҳамкории бештар дошта бошад.

"Албатта байни кишварҳо боз як тавофуте аст. Баъзе кишварҳо шарикони стратегӣ ҳастанд ва барои ҳамин шояд, ки дар масоили стратегӣ мо се-чор кишвари стратегӣ дорем, ки ҳамоҳашон албатта бештару наздиктар ҳамкорӣ мекунем. Дигар мо бо тамоми кишварҳо кӯшиш мекунем муносибати якнавохт дошта бошем",- афзуд Худойбердӣ Холиқназаров.

"Тоҷикистон барои ҳамгироӣ бо Ғарб омода нест"

Дар зимн бархе таҳлилгарони мустақил бо ишора ба вазъи феълии озодиҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, кишвар барои ҳамгироии бештар бо Ғарб омода нест. Меҳмоншоҳ Шарифзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, барои ҳамгироии бештар бо Ғарб, ҷомеа ва ниҳодҳои солим бояд дошт, ки Тоҷикистон феълан ин ҳардуро надорад.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, таҳлилгари тоҷик.
Меҳмоншоҳ Шарифзода, таҳлилгари тоҷик.

Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, вақте ин чизҳо набошад, Тоҷикистон озодона бо кишварҳои ғарбӣ муносибат кардан наметавонад. "Барои ҳамгироии бештар бо Ғарб қариб, ки дар ҳамин сатҳ будан даркор аст. Мо ҳоло дар он сатҳ нестем ва ҳатто ҳамон сатҳи шӯравиро ҳам шикастем",-афзуд ҷаноби Шарифзода.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, кишварҳои ғарбӣ ҳамавақт ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Аммо ин таҳлигари тоҷик дар шарҳи омилҳои вуруди сармояи ночизи Ғарб ба Тоҷикистон мегӯяд, инҷо мушкил ба фасод ва нобоварӣ ба кишвар бармехӯрад.

"Вақте аз озодиҳо зиёд интиқод мешавад"

Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ таърихи начандон дарозе дорад. Ҳарчанд баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар Душанбе дари чандин сафоратхонаҳои мамолики Ғарб боз шуданд, аммо Тоҷикистон дар ин муддат гирифтори ҷанги дохилӣ буд. Муносиботи Тоҷикистон бо Ғарб пас аз он вориди марҳилаи ҷиддӣ шуд, ки Ғарб ба Тоҷикистон дар амри мубориза бо ал-Қоида ва Толибон вориди ҳамкорӣ шуд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, пас аз онки Тоҷикистон аз вуруди НАТО ба хоки Афғонистон пуштибонӣ кард, тамоми дарҳо дар Ғарб ба рӯи кишвар боз шуданд. Аммо ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, дар соли 2005 Тоҷикистон дубора ҳаракаташро ба сӯи Русия зиёд кард.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик.
Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик.

Коршиносони тоҷик мегӯяд, омили аслӣ дар роҳи кам шудани гароиши Тоҷикистон ба сӯи Ғарб дар он аст, ки мамлакатҳои ғарбӣ аз коҳиши озодиҳо дар кишвар зиёд интиқод мекунанд. Аз ҷумла Абдумалик Қодиров мегӯяд, созмон ва ё кишварҳои ғарбӣ барои ҳамкорӣ ё кӯмаки иқтисодӣ як талаботи асосӣ доранд, ки он ҳам риоя кардани ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон мебошанд.

"Бинобар пас шудани сатҳи эҳтиром ба озодиҳои шаҳрвандӣ ва инсон дар Тоҷикистон, шеваи муносибати кишварҳои ғарбӣ ҳам бо Тоҷикистон тағйир хӯрдааст. Сабаби эҳтиёткории Тоҷикистон аз Ғарб низ дар ҳамин аст. Чун эҳтиром ба озодиҳои шаҳрвандӣ дар назди кишварҳои ғарбӣ дар мадди аввал меистад",-таъкид кард Абдумалик Қодиров.

Тоҷикистон феълан дар доираи чандин созмону ташкилотҳо бо кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи С5+1 бо ИМА ҳамкорӣ мекунад. Инчунин дар Душанбе чаҳор сафоратхонаи мамлакатҳои ғарбӣ ва намояндагии Иттиҳодияи Аврупо фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG