Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дар бораи қарори эҳтимолии Трамп чӣ мегӯянд?


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ зимни мулоқот.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ зимни мулоқот.

“Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад».

Се сол пеш дар моҳи июл давлати Тоҷикистон бо нашри чунин изҳорот аз имзои созиши атомӣ байни Эрон ва Амрикову Чин, Русияву Фаронса ва Олмону Бритониё истиқбол кард.

Созише, ки ҳоло бисёриҳо нигаронанд, раиси ҷумҳур Доналд Трамп Амрикоро аз он хориҷ мекунад ва танишҳо дар минтақа ва ҷаҳон авҷ мегираду ба қавли вазири умури хориҷии Олмон ”ҷаҳон ҷойи ноамнтаре мешавад”.

Доналд Трамп гуфтааст, агар шарикони аврупоии Амрико то рӯзи 12-уми май созиши ба қавли ӯ “ваҳшатноки” атомӣ бо Эронро ислоҳ накунанд, Амрико аз он хориҷ мешавад. Рӯзи 12-уми май, замони имзои санадест, ки таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Эрон сабуктар шудааст ва онро Амрико ҳар се моҳ тамдид мекунад.

Доналд Трамп, созиши атомӣ бо Эронро ваҳшатнок номидааст
Доналд Трамп, созиши атомӣ бо Эронро ваҳшатнок номидааст

Ҳоло Фаронсаву Бритониё ва Олмон саъй доранд, ки Доналд Трампро мутақоид кунанд, ки аз созишнома даст накашад, зеро “роҳи беҳтарини пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ ҳамин аст”.

Бар асоси созише, ки соли 2015 имзо шуд, Эрон фаъолиятҳои атомӣ аз ҷумла ғанисозии ураниумро ба таври чашмгир маҳдуд кард ва баъзе аз таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди онро бардоштанд.

Ҳейко Масс, вазири умури хориҷии Олмон рӯзи 7-уми май дар як нишасти хабарӣ дар Берлин гуфт, созиши атомӣ бо Эрон “ҷаҳонро амнтар мекунад ва бе ин созиш субот дар ҷаҳон камтар мешавад. Мо метарсем, ки нокомии созиши атомӣ сабаби авҷ гирифтани танишҳо мешавад”.

Тоҷикистон тарафдори мондани Амрико дар созиш

Коршиносон дар Тоҷикистон ба ҳамин назаранд ва мегӯянд, мавқеи кишвар дар робита ба созиш ҳамоне хоҳад буд, ки баъди созиш эълон кардааст.

Тағйири мавзеъ дар ин маврид, маънои мухолифат ба мавқеи Русияро дорад.

“Бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи Русия, ки таъкид ба боқӣ мондани созиш дорад, Тоҷикистон ҳам мавқеи қаблиашро дар ин мавзӯъ тағйир нахоҳад дод. Тағйири мавзеъ дар ин маврид, маънои мухолифат ба мавқеи Русияро дорад” – гуфт, яке аз коршиносони тоҷик ки бо назардошти ҳассосияти мавзуи робитаи феълии Тоҷикистону Эрон, нахост номаш бурда шавад.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, Русия тағйири мавзеъи Тоҷикистон дар масъалаи ҳастаии Эронро “бисёр бад қабул хоҳад кард ва ин ҳолат оқибатҳои ғайримунтазира ва нохуш дар муносибати Русия бо Тоҷикистон ба дунбол хоҳад дошт.”

Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ бо 7 ҳазор сарбоз дар қаламрави Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ин Русия мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст, ки ҳар сол миллиардҳо доллар ба хонаводаҳошон мефиристанд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари дигари тоҷик низ мегӯяд, Тоҷикистон дар муҳосиботи сиёсиаш тамоми ин ҷанбаҳоро ба ҳисоб мегирад.

"Тоҷикистон манфиатдор аст, ки Амрико дар созиши атомӣ бо Эрон бимонад, чун мавзеъгирии Русияро ба инобат мегирад ва ҳам медонад, ки дар сурати хуруҷ, мумкин аст, авзоъ дар минтақа нооромтар шавад ва аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя, ки Амрикову Эрон онҷо ба ҳам рақобат доранд” - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Қарори Доналд Трамп Тоҷикистонро ғамгин намекунад

Сарнавишти созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ замоне ба марҳилаи ҳассосе расид, ки Тоҷикистону Эрон робитаҳои чандон хубе бо ҳам надоранд. Аз ин рӯ ба гуфтаи баъзе аз коршиносон хуруҷи Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон Душанберо ғамгин намекунад.

Бисёр ғайриоддӣ мешавад, ки раҳбари Тоҷикистон бигӯяд, ки Доналд Трамп аз созиш хориҷ шавед.

“Бисёр ғайриоддӣ мешавад, ки раҳбари Тоҷикистон бигӯяд, ки Доналд Трамп аз созиш хориҷ шавед. Тоҷикистон дар ҳамон маҷрои умумӣ мемонад ва мегӯяд, созишро нарасед. Бояд бидонем, ки як чиз мавқеи расмии Тоҷикистон аст, ки бо изҳороту баёнияҳо эълон мешавад, вале мавзеъгирии воқеӣ низ аз эъломияҳо фарқ доранд. Тоҷикистон дар сухан аз созиш ҳимоят мекунад, аммо дар воқеъ хурсанд мешавад, ки Теҳрон ба мушкилоти ҷиддӣ гирифтор шуд”- мегӯяд, Игор Панкратенко, муовини раиси Маркази арзёбиҳои стротегӣ ва ояндабинӣ дар Русия.

Коршиноси рус печидагиҳо дар муносиботи Тоҷикистону Эронро ёдовар шуд, ки соли 2015 шурӯъ шуд ва дар соли 2017 ба авҷи аълояш расид. Баъди онки мақомоти Эрон Тоҷикистонро ба ҳамдастӣ бо Бобаки Занҷонӣ миллиардери эронӣ муттаҳам карданд, Душанбе соли 2017 ошкоро Эронро ба барангехтани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, қатли чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва ҳимоят аз терроризми байналмилалӣ муттаҳам кард.

Баҳсҳо сари хуруҷ ё мондани Амрико дар созиши атомӣ бо Эрон дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳеҷ нишонаи возеҳе, ки нишон бидиҳад, Амрико дар созиши атомӣ мемонад ва ё хуруҷ мешавад, вуҷуд надорад ва аксари гузоришҳо бар асоси ҳадсу гумонҳо сохта шудаанд. Доналд Трамп гуфтааст, ки Эрон бо ҳимоят аз тундравон дар Ховари Миёна ва озмоиши мушакҳо рӯҳи созиши атомиро нақз кардааст ва бояд ба ин рафтораш хотима диҳад.

Рӯҳонӣ мегӯяд, Амрико аз кардааш пушаймон мешавад

Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки Амрико пушаймон мешавад
Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки Амрико пушаймон мешавад

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 7-уми май гуфт, “Агар Амрико аз (созиши атомӣ) хориҷ шавад, ба зудӣ хоҳад, дид, ки пушаймонии таърихӣ барои ӯ хоҳад буд”.

Дар дохили Эрон ба гуфтаи таҳлилгарон хуруҷи Амрико мавқеи Ҳасан Рӯҳониро, ки муколама бо Ғарбро пеш гирифт, заиф мекунад ва ба рӯҳониёни муҳофизакор дастак медиҳад, ки ӯро зери фишори бештар қарор бидиҳанд.

Дигар масъалаи муҳимтар иқтисодӣ аст, ки дар сурати эъмоли таҳримот, муомилаи ширкатҳои Эрон бо хориҷ маҳдуд мешавад ва мумкин аст, пули нақд ба кишвар камтар ояд.

Хабаргузории Ассосийтед Пресс дар як гузорише аз Теҳрон навиштааст, қурби доллари Амрико якбора ба осмон ҷаҳид ва ҳоло як доллар ба 70 ҳазор риёл баробар шудааст. Мағозаҳое, ки як замон пур аз харидор буданд, ҳоло холӣ ҳастанд ва мардум аз тарс аз оянда пул харҷ намекунанд.

XS
SM
MD
LG