Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул - хирси нохунсафеди тоҷикӣ дар Чехия фарзанддор шуд

Баъди се соли зиндагии нав дар боғи ҷонварони шаҳри чехии Ҳлубока над Влтавоу, Гул – хирси нохунсафеди тоҷикӣ аз ҳамсари чехиаш Алтай писарча таваллуд кард. Ин нахустин фарзанди хирси тоҷикӣ аст, ки дар шароити Аврупо ва баъди се соли интиқоли Гул аз боғи ҷонварони Душанбе ба Чехия таваллуд шуд.

Иван Кубат, зоологи боғи ҷонварони «Оҳрада» дар шаҳри Ҳлубока над Влтавоу, ки соли 2015 дар овардани Гул ба Чехия шахсан иштирок кардааст, рӯзи 4 май дар як занги телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Хирсбача 1 январи соли 2018 таваллуд шуд. Дар муддати се моҳи баъди таваллуди тифл аз рӯи муқаррарот мо ба ӯ наздик нашудем ва танҳо дар семоҳагӣ ӯ бори аввал аз ҷониби модар ба ҳавои тоза берун оварда шуд. Хирсбача таҳти назорати тиббӣ қарор дорад. Ҳоло вазнаш 7,5 кг буда, рангаш хокистарранг аст. Хирсбачаи солиму хушҳол аст ва дили ман мехоҳад, ки ба ӯ исми тоҷикӣ гузорем, то ки ҳама, аз ҷумла, тамошобинони боғи мо гузаштаву решаҳои ӯро бидонанд”.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG