Боз як моҷарои оиладории Ҳабиб Патахонов дар телевизиони Русия
Моҷарои оиладории Ҳабиб Патахонов, як ҷавони тоҷикистонӣ, ки дар як барномаи шабакаи якуми телевизиони Русия даъвои наве барпо кард, дар Тоҷикистон бо вокунишҳои зиёд ва аксаран манфӣ рӯбарӯ шуд. Дар пайи баррасиҳои тунд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рафтори Патахоновро шадидан маҳкум кард. Масъулини ин кумита рафтори ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз болои ҳамсари аввали русаш бо духтари тоҷике никоҳ карда, баъди як моҳ ӯро талоқ дод, "ғайриқонунӣ" ва ҳам "ноҷавонмардона" хонданд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир