Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Туркия хост, 2 фаъоли "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе надиҳад


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Ҳелсинки рӯзи 13-уми апрел бо нашри баёнияи муштарак аз эҳтимоли истирдоди ду фаъоли "Гурӯҳи 24" аз Туркия ба Тоҷикистон нигаронӣ карданд. Ин ду созмон аз Анқара хостанд, ки фаъолони боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе таслим накунад.

Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов рӯзи 19-уми марти имсол дар Истанбул боздошт шуданд. Ин ҳафта мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз Туркия истирдоди онҳоро тақозо кардаанд.

Стив Свердлов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ як чизи собитшуда мебошад. "Туркия бояд ин афродро аз таслим кардан ба шиканҷа наҷот диҳад", - гуфтааст Свердлов.

​Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои истирдоди Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов бо мақомоти Туркия гуфтушунид доранд. "Дар ин замина бо мақомоти Туркия ҳамкорӣ дорем ва музокирот идома дорад", - афзуд ӯ.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ду фаъоли боздоштшудаи “Гуруҳи 24” таҳти пайгард қарор доштанд ва ба ин хотир барои истирдодашон дархост ирсол шудааст. Аммо сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон нагуфт, ки дархост барои истирдоди ду узви "Гуруҳи 24" кай ба унвонии мақомоти Туркия фиристода шудааст.

Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд.

Вале дар баъзе ҳолатҳо, кишварҳо баъди таҳқиқи қазияҳояшон аз таслими онҳо ба мақомоти Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, солҳои 2015 ва 2016 Собир Валиев дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус беш аз 8 моҳро дар боздошт сипарӣ карда, баъдан озод шуданд. Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо рад карданд. Муассис ва раҳбари ин гуруҳ -- соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG