Мушкил байни арӯсу хушдоман дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мисли ҳамон баҳси маъруфи русӣ, ки кадоме аввал пайдо шудааст - тухм ё мурғ – зоҳиран ҳеҷ гоҳ посухи яксон нахоҳад дошт. Дар миёни бисёр духтарони маҳаллӣ дар вилояти Хатлон ин андеша бештар ҷой мегирад, ки зиндагӣ бо домоди мустақил ва дур аз модар, беҳтар аз онест, ки ҳамроҳ бо волидонаш бошад.
Дар Тоҷикистон солҳои охир маҳз ба хотири зиёд будани ҳодисаҳои азияту озор дар дохили хона, талоши ба як хидматгор ва мутеи оила табдил додани арӯс фоҷеаҳои зиёд рух додааст.
Шикоят аз зиндагии пурдаъво дар хонаи шавҳар ва нигаронӣ аз он, ки сари масоили маишию оилавӣ ихтилофи назар ва моҷаро бармехезад, бисёр духтарҳоро тарсу кардааст.
Ин гурӯҳ духтарҳо пеш аз издивоҷ медонанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ба хонаводае арӯс мешаванд, ки дар он волидону дигар аъзои оилаи домод ба сар мебаранд ва бояд дар хидмати ҳамаи онҳо шуд.
Нозанини 27-сола шавҳари бемодар мехоҳад
Нозанини 27-сола аз водии Вахши вилояти Хатлон маҳз ба ҳамин хотир чанд сол аст, ки наметавонад номзади арзанда пайдо кунад. Ин духтар медонад, ки аз рӯи меъёрҳои тафаккури маҳаллӣ, ӯ "пирдухтар" аст ва бозораш ҳам то рафт касод мешавад. Вале боз ҳам умедвор аст, ки рӯзе домоде меёбад, ки барои ӯ ҷудо аз дигарон хона бунёд карда, дар фикри хушбахтии ҳамсару фарзандони ояндааш мешавад. Нозанин мегӯяд, ки аз хидмат ба хушдоман ё модари шавҳараш тарс надорад, вале аз дахолати хушдоман ва фармоишу хурдагирӣ ба зиндагии муштараки зану шавҳарӣ бим дорад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Ман танҳо нафаре нестам, ки мехоҳад ба писари бемодар издивоҷ кунад. Албатта, золимию бадрафтории хушдоманҳо сабаб мешавад... Духтари аммаам ҳамингуна шуд, апаамро хушдоманаш ғам медод. Хушдоманҳое ҳастанд, ки келинҳоро бо писаронашон ҷанг меандозанд. Ман сахт метарсам, метарсам, ки бо ҷавони модардор шавҳар кунам. Модар дошта бошад, мехоҳам, ки ҷудо зиндагӣ кунам, бо модараш набошад". Вале ин тақозои Нозанин чандин сол аст, ки бароварда намешавад.
Дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ аз 10 ҷавондухтар 5 нафарашон гуфтанд, ки мехоҳанд хушдоман надошта бошанд, 3 нафар гуфтанд, ки мехоҳанд алоҳида зиндагӣ кунанд ва ду нафар гуфт, ки хушдоман набояд ба зиндагии ҷавонон кордор шаваду дахолат кунад.
Дар ҳоле, ки тақозои духтарҳои ҷавон аз ҷониби бархе ҳамчун камоли беадабӣ, ғайриахлоқӣ ва хилоф бо меъёрҳои фарҳанги миллӣ арзёбӣ мешавад, дастандаркорони мушкилоти хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳама бесабаб нест. Дар Тоҷикистон солҳои охир маҳз ба хотири зиёд будани ҳодисаҳои азияту озор дар дохили хона, талоши ба як хидматгор ва мутеи оила табдил додани арӯс фоҷеаҳои зиёд рух додааст.
"Домоди беҳтарин -- бемодар"
Файзигул Шарипова, корманди иҷтимоии созмони "Дилафрӯз", ки дар масъалаи ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи занон ва хушунат дар хонавода кор мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҷой доштани андешаи “домоди беҳтарин бемодар аст”-ро тасдиқ кард. Вай гуфт, ин мавзӯъ на танҳо аз забони арӯсшавандаҳо, балки модарони онҳо ҳам зиёд ба гӯш мерасад.
Вай гуфт: "Чунин ҳолатҳоро зиёд мушоҳида мекунем. Ҳатто шиносону ҳамкороне, ки духтарашонро ба шавҳар доданӣ мешаванд, дар бораи кору бори домод камтар сӯҳбат мекунанд. Мегӯяд, ки муҳимтар масъалаи модар аст. Мегӯянд, “модар надошта бошад, беҳтар аст”. Ман мепурсидам, ки чаро бе модар? Писар намехоҳад, ки бе модар бошад, вале намедонад. Мегӯяд, ки духтарҳо гапгир нестанд, ба ин хотир мехоҳанд писарони бемодар бошад ва духтар хушдоман надошта бошад."
Файзигул Шарипова гуфт, ин дар ҳолест, ки ҳодисаҳои сар задани моҷарову даъвоҳо бо сабаби хашинии арӯси хонадон ҳам кам нест. Духтарҳои ҷавон намехоҳанд фармони хушдоманҳоро иҷро кунанд ваё касе дар болои сарашон кори хонаву зиндагиро назорат кунад. Ҳолатҳое кам нест, ки худи арӯсҳо сабаби аслии ҷангу ҷидол ва бархӯрдҳои сангине мешаванд.
"Аз ҷанҷоли келинҳо кӯчарӯб шудам"
Қурбонгул Бобиеваи 52-сола, мегӯяд, ки то ду соли пеш хонашин буд, вале ҷангу ҷанҷоли келинҳо ӯро маҷбур кард, ки ба кор барояд. Қурбонгул Бобиева ба даст ҷорӯб гирифту кӯчарӯб шуд. Мегӯяд, ин кор, сангин ҳам бошад, аз ғурбати ҳамсари писар беҳтар аст. Моҳе 400 сомонӣ даромад ҳам дорад ва мегӯяд, соатҳое, ки дар сари кор аст, майнааш аз ғавғову ихтилофҳо бо арӯс озод аст.
Ин зан мегӯяд, худи ӯ замони арӯсиашро ба ёд меорад, ки ҳамчунон сангин буд. Мегӯяд, ҳолатҳое буд, ки хушдоманаш ӯро латукӯб кардааст. Мегӯяд, бо дарс аз ҷавониҳои сахт талош кард як хушдомани хубу боадолате барои ҳамсари писараш шавад.
"Мехоҳад, ки хусуру хушдоман надошта бошад, чун мехоҳад, ки ороиш диҳанд, намехоҳад кор кунад. Хушдоманҳо кор мефармоянд, албатта, мисли фарзандашон кор мефармоянд. Духтарҳо мехоҳанд, ки қайсингул, зани ҳевар ва хушдоман надошта бошанд. Худи манро хушдоманам лат мекард, вале дар ҷавоб ман кӯмакаш мекардам, эҳтиромашро ба ҷойи меовардам."
Нақши хушдоман дар хонаводаҳо
Дар ҷомеаи Тоҷикистон хушдоман дар хонаводаи шавҳар дар зиндагии муштараки келину писар нақши муҳим дорад. Дар аксар хонаводаҳо аз таҳияи ғизо сар карда то тасмимҳои ҷиддии мисли кор кардани арӯс – ҳама бо ширкати хушдоман гирифта мешавад.
Бархе коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон намунаҳои муваффақи ҳамзистии хушдоману арӯс вуҷуд дорад ва асрори муҳими ин зиндагии хуш – эҳтиром ва ба ҷо овардани хоҳишу нақшаҳои ҳамдигар аст. Ҳамонгуна ки модарарӯс дар гуфтани ҳарфи аввалу охир ҳақ мешуморад, арӯс ҳам ҳақ дорад фикру андешаҳои худро баён кунад. Дар ингуна хонаҳо мавзӯи кору корфармоӣ ба зулму ситам табдил нашуда, балки ҳама ҳамкору ёвари ҳамдигар ҳастанд. Вале дарсади чунин хонаводаҳои солиму хушбахт зиёд нест.
Бархе таҳлилгарони ин масоил мегӯянд, аксар мушкилоти дохилихонагӣ аз нодориву эҳтиёҷ бармехезад -- ҳар қадар ҷамъияти дохили хона зиёд бошаду даромади аъзои он кам, муносибати аъзои оила ҳамон қадар пуршиддат мешавад.
Мушкили келину хушдоман гоҳе ба фоҷиа меанҷомад
Созмони "Дилафрӯз" дар Хатлон мегӯяд, ки дар 3 моҳи гузашта 10 келину хушдоман аз муносибати бади ҳамдигарӣ шикоят карда, дар назди ин созмон ёриҳои равоншиносӣ гирифтанд.
Дар нӯҳ моҳи соли 2017 ба чаҳор созмони ҷамъиятӣ, ки бо занон кор мекунад, 300 арӯс аз бадмуомилагӣ ва хушунати равонии хушдоманҳояшон шикоят кардаанд. Ин арӯсҳо гуфтаанд, ки хушдоманҳо ба зиндагии онҳо ба баҳонаҳои мухталиф дахолат мекардаанд.
Мушкилоти келину хушдоман дар зери як бом аксар маврид пӯшида мемонад, вале гоҳо ҳодисаҳои қатли хушдоман аз сӯи келинҳо, мисли оне, ки ду соли пеш дар Қубодиён рух дод, ваҳшонияти муносибатҳои дохилихонагиро ба намоиш мегузорад.
Бархе аз арӯсони ноумедшуда дар хонаи падарҳои худ, дигарҳо зери бори фишору хушунат зиндагиро дар зери як бом бо ҳамсару хушдоманҳо, идома медиҳанд ва баъзеи дигар маҷбур мешавад, ки фирор кунад ё талоқ гиранд.