Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи вазорати Тоҷикистон ба Дмитрий Медведев


Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот дар моҳи декабри соли 2011
Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот дар моҳи декабри соли 2011

Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон пас аз ду ҳафта ба баёнияи Дмитрий Медведев нахуствазири Русия, ки аз шумораи зиёди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар Тоҷикистон изҳори тааҷуб кард, посух дод.

Вазорат рӯзи 19-уми сентябр бо нашри изҳороте далелҳои зиёд будани ҳимояи рисолаҳои номзадиро шарҳ дод. Ба гуфтаи вазорати илму маориф, Русия фаъолияти се шӯрои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии Носири Хусрав дар Қурғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии Бобоҷон Ғауровро дар шаҳри Хуҷанд қатъ кард. Аз ин рӯ, олимони 39 муасисаҳои илмӣ дар Тоҷикистон маҷбуранд, танҳо тавассути ду шӯрои боқимонда рисолаҳои илмиашонро ҳимоя кунанд.

​Дар идомаи изҳороти вазорат гуфтааст, на ҳамаи ҳимоякардагон олимони тоҷик ҳастанд, қисмате пажӯҳишгарони хориҷианд. “Дар Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли мазкур 8 нафар ва дар Шўрои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 10 нафарро шаҳрвандони Эрон буданд” гуфтааст, вазорат

Дар Хадамоти матбуоти вазорати илму маорифи Русия рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд,: “Изҳороти Медведев, бесабаб набуд ва албатта он бар асоси маълумоте гуфта шудааст, ки мутахассисон омода кардаанд”.

Дмитрий Медведев чанде пеш дар ҳамоише дар ҳузури донишмандони рус дар шаҳри Санкт Петербург, аз теъдоди зиёди номзадҳо ва докторҳои илм дар Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб кард ва гуфт, бояд ин рақамҳо санҷида шаванд. Ба қавли Медведев, танҳо дар соли гузашта дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст.

Академияи улуми Тоҷикистон аз масъулони асосии додани унвонҳои илмист.
Академияи улуми Тоҷикистон аз масъулони асосии додани унвонҳои илмист.

Дипломи унвонҳои илмии Тоҷикистонро Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Русия содир мекунад. Ҳарчанд дар чанде аз арсаҳои илм шӯроҳои илмӣ дар назди донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аммо Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Русия танҳо пас аз ошно шудан бо мӯҳтавои рисолаҳо ба унвонҷӯён дипломи номзадӣ ва ё докториро тақдим мекунад. Аммо дар чанд соли ахир комиссияи мазкур фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ дар Тоҷикистонро қатъ кард ва бисёре аз унвонҷӯни тоҷик аз имконияти ҳимояи рисолаҳои хеш маҳрум монданд.

Дар ин робита Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бо таъсиси комиссияи нав, худаш ба пажӯҳишгарон унвони номзади илм ва докториро тақдим кунад. Ба ин манзур бо як фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ин марказ ҳоло ба додани унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон шурӯъ накардааст, аммо масъулони он мегӯянд то соли нав ҳадаф доранд ба содир кардани унвонҳои илмӣ шурӯъ кунанд.

“Ҳукумати ҷумҳурӣ ба зудӣ бояд охирин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ кунад мо ба ташкили шӯроҳои илмӣ шурӯъ мекунем. Ҳамин, ки низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ташкилии мо аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шавад мо то соли нав шӯроҳои илмиро ташкил мекунем. Шӯроҳо, ки таъсис ёфтанд ҳимояи рисолаҳои илмӣ низ оғоз меёбад” - гуфт, Шавкат Халилов котиби илмии комиссия ба Радиои Озодӣ.

Дар Тоҷикистон солҳост баҳси қатъ карадни вобастагӣ аз Комиссияи олии аттестатсионии Русия ва ташкили ҳамин гуна комиссия дар Тоҷикистон идома дорад. Тарафдорони ин иқдом мегӯянд, дар сурати таъсиси чунин комиссия, вобастагии Тоҷикистон аз Русия рафъ мешавад ва унвонҷӯёни ҷавон солҳо мунтазири ҷавоби донишмандони рус намемонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ин сурат риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд. Аммо масъулони Академияи улуми Тоҷикистон мегӯянд, эҳтимоли ба вуҷуд омадани коррупсия ҳангоми додани уновнҳои илмӣ кам аст.

Халилов гуфт, унвонҷӯён барои дарёфти уновони илмӣ бояд чанд марҳаларо тай кунанд ва дар зинаҳои гуногун олимону пажӯҳишгарон ва ҳатто корҳшиносони хориҷӣ, ки ба Комиссияи олии аттестатсионӣ даъват карда мешаванд, сифати рисолаҳои илмиро санҷида баъдан ба муаллифи онҳо унвони илмӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG