Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Узбекистон огоҳӣ гирифт: таъқиби ҷуфтҳои ошиқ манъ аст


Узбекистон -навор аз дурбинҳои назоратӣ
Узбекистон -навор аз дурбинҳои назоратӣ

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи инсони вазорати адлияи Узбекистон роҳбарияти телевизиони "Менинг юртим"-ро ба хотири поймолсозии ҳуқуқи инсон расман огоҳ кардааст.

Пештар аз ин хабарнигорони телевизион ба таври махфӣ ҷуфтҳои ошиқро ҳангоми бӯсу канор дар боғҳо ба навор гирифта буданд.

Вазорати адлия мегӯяд, дар барномаи "Сабти махфӣ" ҳуқуқи инсон ба ҳаёти шахсӣ поймол шудааст. Ба гуфтаи вазорат, дар амалҳои ҷавонон, ки дар боғҳо канори ҳам нишастаанд, қонуншикание мушоҳида намешавад, "баръакс рафтори хабарнигорон ғайрикасбӣ аст".

Дар ҳамин ҳол, Бадриддин Ҳуснидиннов - хабарнигори телевизиони "Менинг юртим" мегӯяд, ба ҳаёти шахсии касе дахолат накардааст ва ба таҳияи чунин барномаҳо идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG