Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баррасии тарҳи таҷдиди сохтори ширкати "Барқи тоҷик" ва арсаи энергетикии кишварро оғоз кард. Интизор меравад, ин ширкат ба се бахш тақсим шуда, талафоти нерӯи барқ аз ҳудуди 25 дарсади феълӣ то ба 10 дарсад коҳиш дода шавад.
Тарҳи 122 миллондолларӣ
Роҳи ҳалли ин мушкил гузариши комил ба низоми биллингӣ аст. Дар ин сурат имкон дорад талафоти нерӯи барқ дар кишвар то 8 дарсад коҳиш дода шавад
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 30-юми март ба муҳокимаи порлумонӣ даъват шуданд, ки дар он мақомоти ниҳодҳои энергетикаи кишвар низ ҳузур доштанд. Аз маркази матбуоти палатаи поёнии порлумон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вакилон дар ин ҷаласа мавзӯи идомаи иҷрои тарҳи 122-миллиондолларии Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди бахши энержии кишварро баррасӣ кардаанд.
"Тавлидкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунанда"
Садриддин Шарипов, раиси Кумитаи энергетикаи Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷрои марҳилаи аввали ин барнома соли 2011 шурӯъ шуда, дар ин муддат дар доираи он чанд тарҳи интиқоли нерӯи барқ дар минтақҳои мухталифи Тоҷикистон ва бозсозии нерӯгоҳҳои кишвар анҷом шудааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи феълӣ ба таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” марбут мебошад.
"Дар дохили ширкат се бахш – тавлидкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи нерӯи барқ – ташкил мешавад. Бо анҷоми ин тарҳ низоми энергетикии Тоҷикистон тавассути компютерҳо танзим шуда, ҳар бахш аз мизони барқи истифодашудаи худ ҳисобот медиҳад. Ба унвони мисол, дар пайи таҷдиди низоми энергетикӣ дар вилояти Суғд талафоти нерӯи барқ аз 18 дарсад то ба 11,8 дарсад коҳиш ёфт", - шарҳ дод ӯ.
Ба иттилои Садриддин Шарипов, феълан дар баробари таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” азнавсозии марказҳои тақсимоти нерӯи барқ идома дорад, ки дар ниҳоят ба коҳиши талафоти нерӯи барқ сабаб мешавад.
Барқро кӣ медуздад?
Зимнан, мавзӯи талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар чанд соли охир аз мавзӯи доғ ба шумор меравад. Соли 2017 ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низоми пардохти ба истилоҳ биллингии нерӯи барқи истифодашударо роҳандозӣ кард ва аз 100 нозири барқ дар ин шаҳр танҳо 5 нафар дар вазифаҳои худ боқӣ монданд.
- Кормандони дигар ба далели набудани зарурати онҳо ихтисор шудаанд. Кори онҳоро барномаҳои компютерӣ анҷом медиҳад.
Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 31-уми март дар шарҳи мавзӯъ гуфт, танҳо таҷдиди сохтори ширкати энергетикӣ наметавонад роҳи ҳалли мушкили талафоти нерӯи барқ бошад. Ӯ бовар дорад, ки бидуни барканор кардани нозирони барқ дар кишвар дуздии нерӯи барқ хотима нахоҳад ёфт.
"Дуздони асосии нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳамин нозирони барқ мебошанд. Онҳо бо сокинон ва раҳбарони корхонаҳо забон як карда, барои пардохт миқдори андаки нерӯи барқи истифодашударо сабт мекунанд. Чунин наҳваи пардохт ба муштарӣ ҳам хуш меояд. Аммо, дар маҷмӯъ, ин бар зарари ширкати “Барқи тоҷик” ва давлати Тоҷикистон мебошад. Танҳо роҳи ҳалли ин мушкил гузариши комил ба низоми биллингӣ мебошад ва дар ин сурат имкон дорад талафоти нерӯи барқ дар кишвар то 8 дарсад коҳиш дода шавад", - гуфт ӯ.
Маблағе, ки "Барқи тоҷик" ва ҳукумат надоранд
Дар ҳамин ҳол, мақомоти тоҷик мегӯянд, қарзи бебозгашти 122-миллион долларии Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди низоми энержии Тоҷикистон танҳо бозсозии марказҳои интиқоли нерӯи барқ ва таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар назар дорад. Аммо, бо истифода аз ин маблағ бархе аз ноҳияҳои тобеи марказии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон ба низоми биллингии пардохти қимати нерӯи барқи истифодашуда хоҳанд гузашт.
Барои гузариши куллияи муштариёни нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба системаи биллингӣ фурсат ва сармоягузории бештаре зарур аст. Чунин маблағро ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳукумати Тоҷикистон феълан дар ихтиёр надорад.