Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, ки дар зимистони, ба қавли ӯ, тӯлониву сард ба исрофкории нирӯи барқ роҳ надиҳанд, вагарна лимит ё маҳдудияти нирӯи барқ ҷорӣ хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо сокинони маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, “тибқи маълумоти пешакӣ зимистони имсола хеле тӯлониву сард меояд.”
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, бинобар ин, оқои Раҳмон аз роҳбарони созмону идораҳои давлатӣ ва ҳар сокини кишвар хостааст, ки “ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ ва гармӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд”. Ӯ гуфт, ягона роҳ ё шарти ҷорӣ накардани лимити барқ дар кишвар танҳо сарфакорӣ дар истифодаи нирӯи барқ аст.
Бо наздик шудани фасли сармо бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ ва мушкил дар таъмини гармиву рӯшноии манзилҳои худ нигарон мешаванд. Ҳамасола дар охири моҳи сентябр ё аввали моҳи октябр барои интиқоли нерӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон маҳдудият ё ба истилоҳе “лимит” роҳандозӣ мешавад.
Қаблан Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳанӯз дар бораи ҷорӣ кардани лимит мақомот тасмиме нагирифтаанд. Соли гузашта лимит дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали моҳи ноябр роҳандозӣ ва ба таври ғайримунтазира дар моҳи январ аз байн бурда шуд.
Дар солҳои гузашта дар пайи роҳандозии маҳдудият ё “лимити” нерӯи барқ сокинони кишвар, ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо, дар як шабонарӯз танҳо 5-6 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доштанд. Мақомоти тоҷик дастрасӣ ба истиқлоли энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ медонад ва умедворанд, ки баъд аз мавриди истифода қарор додани ду чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда ин мушкил аз байн меравад.
Сохтмони нирӯгоҳи муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон тирамоҳи соли 2016 шурӯъ шуд.