Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул Шералӣ: Ҳеч вақт аз хешутаборӣ бо президент суистифода накардаам


Гул Шералӣ соли 2013 аз мақоми вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон барканор шуд. Акс рӯзи 14-уми март дар утоқи кори Гул Шералӣ гирифта шудааст
Гул Шералӣ соли 2013 аз мақоми вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон барканор шуд. Акс рӯзи 14-уми март дар утоқи кори Гул Шералӣ гирифта шудааст

Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки ҳоло ба ҳайси мушовири як ширкати хусусӣ дар Душанбе кор мекунад, аз боздошт ва ҳабси писару домодаш интиқод кард. Ӯ рӯзи 14-уми март дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро "шикор" кардаанд".

  • Гул Шералӣ дар ин суҳбат дар бораи "бачаҳои тилоӣ", робитааш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, писараш Ашраф Гулов ва, инчунин, даврони бознишастагӣ қисса кард.
Агар Шумо фарзандони маро дар назар дошта бошед, бояд бигӯям, ки онҳо "тилоӣ" нестанд. Онҳо баробари фарзандони халқ ҳастанд. Кам-кам кор мекунанд ва ягон тиҷорат мекунанд.

Радиои Озодӣ: Мақомоти корҳои дохилии пойтахт писару домоди Шумо – Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозодаро ба майдаавбошӣ айбдор карда, ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо дар тарабхонаи “Галакси” бетартибӣ карда, ба маъмурони милиса итоат накардаанд. Аммо рӯзи гузашта гуфтед, ки асли қазия дигар аст. Мегӯед, онҳо бегуноҳанд?

Гул Шералӣ: "Писари ман Диловар, дар ҳақиқат, камбудӣ дорад. Ягон бачаи ҷавон бе камбуд нест. Лекин онҳо дар тарабхонаи “Галакси” ягон ҷанҷол ё бетартибӣ накардаанд. Дар онҷо одамони дигар муноқиша кардаанд. Бояд бигӯям, ки шаби 10-уми март фарзанду домоди маро касе боздошт карда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ набурдааст."

Радиои Озодӣ: Кай ва дар куҷо боздошт кардаанд?

Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода
Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода

Гул Шералӣ: “Онҳо аз тарабхона баромада, дар майдони 800-солагии Маскав мебинанд, ки як шиносашон бо номи Ислом бо кормандони милиса ҷанҷол дорад. Диловар мошинро дошта мегӯяд, «ака, бо кормандони милиса ҷанҷол накун». Аз дасти Ислом гирифта, ба як тараф мебарад. Писари ман омада дар мошинаш мешинад. Ислом ҳам мошинашро ронда, меравад. Дар ин ҳолат кормандони милиса ба Диловар мегӯянд, ки баёнот навис. Аммо Диловар мегӯяд, чӣ баёнот нависам? Баръакс, Шуморо халос кардам, ки ҷанг накунед. Диловар баёнот намедиҳад ва ба милиса мегӯяд, як тараф ист ва мошинашро ронда меравад. Инҳоро касе дастгир накардааст. Баъд худашон ихтиёрӣ ба шуъбаи милиса ҳозир шуда, мехоҳанд баёнот диҳанд. Онҳоро бурда ҳамин хел кор кардаанд. Намедонам, чӣ гап бошад. Мумкин аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахусус умури дохилӣ ягон «шикоре» аз пушти фарзандони мо аст. Инашро, рости гап, намедонам. Хуб, Диловар ҳам камбуд дорад, ӯ оиладор аст, фарзанд дорад ва худаш бояд ҷавоб гӯяд. Ман дар инҷо чӣ? Падар шудам гуфта, то мурдан аз қафои фарзанд бигардам, ки ягон камбуд накунад? Мо ҳам падар доштем, дар 15 солагиамон падарамон даргузашт. Бепадар хондем, омада кор кардем. Насиб ҳамин будааст. То ин дараҷа воҳима кардани органҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба фикрам ба шаъну шарафи онҳо намезебад.»

“Шикор асосан аз қафои домодам аст”

Радиои Озодӣ: Домодатон ҳам шаби 10-уми март ҳамроҳи писаратон Диловар будааст?

Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Гул Шералӣ
Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Гул Шералӣ

Гул Шералӣ: "Мақомот акси домодамонро пахш кардаанд, ки гӯё ӯ ҳам ба ин кор даст задааст. Ин «шикор» асосан аз қафои ӯ аст. Ба ӯ занг задаанд ё ба хонаашон рафтаанд, ки домодам гуфтааст, меоям. Баъд худаш ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) рафтааст. Аз онҷо кормандони Раёсати кофтукоби ҷиноӣ онҳоро гирифта бурдаанд. Бечора домодам бо ягон кас салом кардагӣ нест, ягон касро дидагӣ ҳам нест, намедонам чаро ин корро мекунанд."

Радиои Озодӣ: Домодатон чӣ кор мекунад, ки мавриди ба гуфтаи Шумо, "шикор" қарор гирифтааст?

Гул Шералӣ: "Ӯ як соҳибкор аст ва, мумкин аст, чӣ мушкиле бо мақомот дошта бошад."

Радиои Озодӣ: Оё барои хабаргирии писар ва домод ба боздоштгоҳ рафтед?

Гул Шералӣ: "Не, ман ба хабаргирии онҳо нарафтаам. Агар гуноҳ карда бошанд, ҷавобашро бигӯянд. Додгоҳ, ки қарор баровард, гунаҳкор ҳисоб мешаванд. Ман ҳеч вақт рафта, хабар намегирам."

Радиои Озодӣ: Аз рӯи шарҳи Шумо наздиконатон гунаҳкор нестанд ва танҳо талош кардаанд, ҷанги як нафари дигарро бо маъмурони пулис халос кунанд. Аммо вақте боздошт ва аз 5 то 15 рӯзи ҳабс шуданд, чӣ маъно дорад?

Гул Шералӣ: «Дақиқ намедонам, аммо аз рӯи шунидам додгоҳ гуфтааст, инҳо гуноҳ надоранд ва ин парвандаро мегардонам. Аммо кормандони милиса судро маҷбур кардаанд, ки қарор қабул кунад.»

Радиои Озодӣ: Ҳоло ишора кардед, ки фарзандонатон гӯё аз «шикор» мешаванд. Чаро инҳо бояд «шикор» шаванд? Ҳадаф - фишор болои Шумо аст, ё омили дигар?

Гул Шералӣ: «Ҳаминро худам ҳам намедонам. Ман ба ягон кас кордор нестам, ягон касро ғайбат намекунам, аз қафояш гап намезанам. Ман як нафақахӯр ҳастам, нафақаамро мегирам ва боз ҳамин корҳое, ки ба ман вобаста шудааст, ҳамонро мекунам ва зиндагиамро пеш мебарам. Аз ягон кас тамаъ надорам, илтимос ҳам намекунам ва пеши ягон кас ҳам намеравам. Ҳатто назди кормандони ҳифзи ҳуқуқ нарафтам, ки барои чӣ писари маро ҳамин хел мекунед. Ман гуфтам, ки гуноҳ кардааст, ҷазояшро гирад.»

“Фарзандони ман бачаҳои тиллоӣ нестанд”

Радиои Озодӣ: Соли 2013 аз вазифаи вазири энергетика ва саноат озод шудед. Аз он вақт панҷ сол мегузарад, ҳоло ба чӣ корҳо машғулед?

Гул Шералӣ
Гул Шералӣ

Гул Шералӣ: «Ҳоло дар яке аз ширкатҳои хусусӣ ба ҳайси мушовир кор мекунам. Дар кӯчаҳои пойтахт пиёда мегардам. Дар вақтҳои бекорӣ ба боғҳои навбунёди пойтахт рафта, тамошо мекунам.»

Радиои Озодӣ: Бо пахш шудани хабари боздошти писар ва домоди Шумо баҳси “бачаҳои тиллоӣ” дубора рӯи забонҳо омад. Мунтақидон мегӯянд “бачаҳои тиллоӣ” ё фарзандони ашхоси воломақом бо табъи дилашон зиндагӣ мекунанд ва ҳам роҳашон ба мансаб ҳамвортар аст. Назари Шумо дар ин бора чист?

Гул Шералӣ: «Агар Шумо фарзандони маро дар назар дошта бошед, бояд бигӯям, ки онҳо «тилоӣ» нестанд. Онҳо баробари фарзандони халқ ҳастанд. Кам-кам кор мекунанд, ягон тиҷорат мекунанд. Барои вазифа ҳам талош накардаанд, вазифа ҳам намегӯянд. Баъди сари падару модар, агар маҷбур шуданд, баъд ҳаракат мекунанд, ки соҳиби вазифа шаванд, кор кунанд ва зиндагиашонро пеш баранд. Ман дар бораи дигарон қазоват намекунам, аммо шахсан худам ягон ҷой рафта, илтимос накардаам, ки фарзанди маро кор бидеҳ.»

“Дар ягон ҷо нагуфтаам, ки қудои президент ҳастам”

Радиои Озодӣ: Робитаи хешутабории Шумо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон оё дар таъйини Шумо ва фарзандонатон ба вазифа ягон нақш бозидааст?

Саидакрам Давлатшоев ҳамроҳи писару домоди Гул Шералӣ боздошт шудааст
Саидакрам Давлатшоев ҳамроҳи писару домоди Гул Шералӣ боздошт шудааст

Гул Шералӣ: «Ин кори табиат аст. Ин ягон нақш набозидааст ва ман дар ягон ҷо нагуфтаам, ки қудои президент ҳастам. Вай духтару писар якдигарро дӯст дошта, оиладор шудаанд ва зиндагӣ мекунанд. Онҳо алоҳида зиндагӣ мекунанд ва соҳиби фарзанд ҳастанд.»

Радиои Озодӣ: Аз ҷумлаи писарони Шумо, ки соҳиби вазифа ҳастанд, Ашраф Гулов аст, ки қаблан консули генералии Тоҷикистон дар Русия буд. Ҳоло ба чӣ кор машғул аст?

Гул Шералӣ: «Ашраф ҳоло дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор мекунад. Аммо намедонам дар кадом раёсат кфаъолият дорад. То ҷое медонам, дар бахши кадрҳои вазорат кор мекунад. Ягон дафъа бинам, ҳамин қадар таъкид мекунам, ки хуб кор кунед. Вай 35-36-сола аст, ҳуқуқ дорад худаш мустақилона кор кунад.»

“Мардумро баҳудаву беҳуда шиканҷа накунанд”

Радиои Озодӣ: Дар остонаи иди Наврӯз чӣ паёму орзу доред?

Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов) соли 2001 раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ таъин шуда, то соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. Дар гузашта ба ҳайси раиси ноҳияи Данғара низ кор кардааст. Ҳоло нафқахӯр аст.

Гул Шералӣ: «Ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон муваффақият орзу мекунам. Бигзор кишти баҳориашон пурҳосил ва зиндагии мардум хуб шавад. Ҳамаи ташкилот, хоҳ мақомоти корҳои дохилӣ аст, ё сохтори дигар, аз рӯи виҷдон кор кунанд. Барои ном неву аз рӯи виҷдон кор кунанд. Мо мебинем, ки Ҷаноби олӣ корманди ҳифзи ҳуқуқро ҳурмат мекунанд, рутбаҳои баланд медиҳанд. Дар навбати худ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳам назорат кунанд, то зердастонашон хуб кор кунанд. Ин маънои онро надорад, ки роҳбар шудӣ, зердастонатро назорат накунӣ. Чи хеле, ки ба мо мегӯянд, фарзандонатонро назорат намекунӣ, вазирон ҳам бояд кормандонашонро назорат кунанд, ки ба роҳи бад нараванд ва беҳудаву баҳуда мардумро шиканҷа накунанд.»

XS
SM
MD
LG