Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҳавои минтақаи аҳолинишин, воқеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, доим ғуборолуд аст. Маҳаллаи Хуҷамбиё дар миёни корхонаи семент ва Маркази барқу гармидиҳӣ ҷойгир аст, ки соли 2012 аз тарафи чиниҳо ва гӯиё бо таҷҳизоти муосир сохта шуд.

"Чангу ғубор шабона зиёд мешавад"

Касе намегӯяд, ки ин чӣ гуна таҷҳизот аст ва аз куҷо ворид шудааст. Мегӯянд, ки ҳама чиз хуб аст, вале ягон ҳисобот пешниҳод намекунанд.

Ҳар ду корхона бо ангишт кор мекунанд. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, нафаскашии онҳо торафт душвортар мешавад ва ғубори ғафс ҳамаҷоро фаро мегирад. Яке аз сокинон охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабарнигори мо гуфт, “бахусус шабона ғубори зиёд мегирад. Мо чангро дар ҳамаҷо, дар рӯи мошин, хона... мебинем. Нафаскашӣ мушкил мешавад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Суду зиёни афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

"Олудагӣ аз меъёри мувофиқшудаи экологӣ зиёд нест"

Ҳомиёни муҳити зист таъкид мекунанд, ки истеҳсоли семент бисёр зараровар аст ва кишварҳо саъй мекунанд, тавлиди онро аз маҳалли аҳолинишин ба берунтар ва аз ҳудуди кишварҳояшон ба хориҷ кӯчонанд. Дар чаҳор соли охир истеҳсоли семент дар Тоҷикистон панҷ баробар афзудааст.

То соли 2014 Тоҷикистон сементро асосан аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ворид мекард. Масалан, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2013 аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ҳудуди 900 ҳазор тонна семент бо арзиши 80 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Як соле қабл, танҳо аз Покистон ба Тоҷикистон ба миқдори 1,7 миллион тонна семент ворид шуда буд.

Саидусмон Судуров
Саидусмон Судуров

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист партоб шудани моддаҳои зараровар ба ҳаворо тасдиқ мекунанд. Аммо мегӯянд, "олудагӣ аз меъёри мувофиқшудаи экологӣ зиёд нест". Саидусмон Судуров, раиси шӯъбаи ҳифзи атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, “барои истифода аз табиат маблағи муайян ё пардохти экологӣ муқаррар шудааст. Корхонаҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, вобаста ба ҳаҷми зарар пардохти экологӣ мекунанд. Аммо солҳои охир корхонаҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъминанд ва ва аз меъёр зиёд ба ҳаво ифлосӣ партоб намекунанд.”

"Касе намегӯяд, ин чӣ гуна таҷҳизот аст"

Аммо экологони мустақил ба безарар будани корхонаҳое ба мисли корхонаи истеҳсоли семент шак доранд. Онҳо мегӯянд, агар чунин мебуд, Чин аз ин гуна ширкатҳо роҳи халосӣ намеҷуст. Ба гуфтаи экологоҳо, онҳо барои ташхиси таҷҳизоте, ки дар ширкатҳои мазкур насб шудаанд, иҷозат надоранд.

Наталя Идрисова, ҳамоҳангсози созмони “Маленькая земля” гуфт, “касе намегӯяд, ки ин чӣ гуна таҷҳизот аст ва аз куҷо ворид шудааст. Мегӯянд, ки ҳама чиз хуб аст, вале ягон ҳисобот пешниҳод намекунанд. Яъне, амалан ҳамаи мо медонем, ки Чин аз ин истеҳсолоти олудааш даст мекашад ва онро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳад.”

Аввал: Экология ё ҷои кор?

Наталя Идрисова
Наталя Идрисова

Илова ба ин, гузариши сартосарии иқтисодиёти кишвар ба ангишт ба он маънист, ки эҳтимол то 40 соли дигар дар Тоҷикистон сӯзишвории олуда истифода шавад. Ин раванд метавонад оянда барои муҳити зисти тамоми кишвар фалокатбор бошад.

Наталя Идрисова ҳам мегӯяд, “ақиб намондан аз трендҳои ҷаҳонӣ хеле муҳим аст ва кишвари мо низ созишномаи зистмуҳитиро имзо кардааст. Меъёрҳои муайяне вуҷуд дорад, ки бояд онҳоро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро кунем. Боло бурдани иқтисодиёт аз ҳисоби истифодаи ангишт ба ин талабот мухолифат мекунад.”

Бо ин ҳама, истеҳсолоти саноатӣ дар Тоҷикистон рушди бемайлон дорад. Феълан барои мақомот масъалаи дараҷаи аввал на экология, балки таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ аст.

XS
SM
MD
LG