Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ду масъули тандурустии Суғд барои марги Саломова


Раёсати тандурустии вилояти Суғд муовини сардори ин ниҳод ва муовини сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Хуҷандро барои иштибоҳ дар табобати Саодат Саломова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки боиси марги ӯ шуд, ҷазои интизомӣ додааст.

Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии Суғд авоили ин ҳафта дар нишасти хабариаш дар шарҳи ин хабар гуфт, ки муовинаш Маъруфҷон Ҳоҷибоев ва Саодат Аминҷонова, муовини сардухтури беморхонаи шаҳри Хуҷанд "огоҳ карда шуданд, ки дар сурати бори дигар раҳ додан ба ин гуна камбудӣ, аз вазифаашон сабукдӯш карда мешаванд". Ӯ афзуд, ин муҷозот дар пайи таъиноти додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки қазияи ташхису табобат ва марги хонум Саломоваро таҳқиқ кард, эълон шудааст.

Мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, раёсати тандурустӣ барои ошкор кардани камбудиҳо, ислоҳи вазъ ва ҷиҳати раҳ надодан ба такрори ҳодиса як гурӯҳи корӣ таъсис додааст ва "кор мебарад." Ӯ таъкид кард, ки масъулони тандурустии аҳолӣ баъд аз қазияи марги Саодат Саломова назорат ба қабул, муоина, ташхис ва табобати беморонро шадидтар кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 25-уми январ ду пизишкро дар марги Саодат Саломова – духтари Сайрам Исоева – ҳунарпешаи маъруфи тоҷик айбдор донист ва ба 3-солии ҳабс (бо низоми сукунат) маҳкум кард.

Ҳотам Отабоев, пизишки Маркази мубориза бо бемории сил дар Суғд ва Меҳрӣ Юсуфова, дастёри озмоишгоҳи ин марказ “барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбиашон” айбдор шуданд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин афрод 3-солӣ дар зиндони дорои низоми сукунат адои ҷазо карда, баъди он як соли дигар аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум хоҳанд буд.

Саодат Саломова, ҳунарпешаи тетари ба номи Камоли Хуҷандӣ , духтари ҳунарманди шинохта Сайрам Исоева моҳи апрели соли 2017, баъд аз тақрибан ду моҳи табобат дар хонааш ва бемористон, дар 50-солагӣ аз хунравии мағзи сар дар бемористони сили вилояти Суғд даргузашт. Пайвандони Саодат Саломова мегӯянд, табибон дар ташхиси бемории духтарашон аз аввал ба иштибоҳ роҳ доданд.

Ба қавли онҳо, дар аввал Саодат Саломоваро гирифтори бемориҳои “сили иртишоҳи шуш, МБС+, туберкулёмаи мағзи сар” эълон карда ва аз рӯи ҳамин беморӣ табобат намудаанд. Баъдтар ташхиси биологӣ ошкор кардааст, балғаме, ки ташхис шуда буд, аслан ба Саломова на, ба каси дигар тааллуқ дошт.

Мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқодқарор мегирад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар танҳо дар нимсолаи аввали соли гузашта 31 мавриди иштибоҳи табибонро ошкор карда, нисбат ба чунин табибон ҷазои маъмурӣ ё ҷарима содир таъйин карда буд.

XS
SM
MD
LG