Як номаи кӯтоҳ аз Салиби Сурх модареро ба дидори духтар ва 4 наберааш, ки дар урдугоҳе дар Ироқ қарор доранд, умедвор кардааст.
Акнун ӯ ҳар рӯзашро дар интизори як хабари хуш ва ё номаи дигаре шом мекунад. Пас аз 7 моҳи бехабарӣ, аз сарнавишти фарзанду набераҳо, рӯзи 16-уми январи имсол Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе аз Бағдод пайғом овард.
Кӯдакон ҳам гап мезаданд, мегуфтанд: “Очаҷон, мора мефора пеши шумо биёем”. Мегуфтанд, он ҷо аз чархболҳо метарсанд, пинҳон мешаванд, фикр мекунанд, ки онҳоро мекушанд
Зӯҳро Хоҷаева, духтари 29-солаи Сабзагул Камолова аз Ироқ бо чанд ҷумла аз ҳоли худ ва кӯдаконаш хабар дод.
Ӯ гуфт, "интизор набудам, ки корманди Салиби Сурх ба хона омад. Намедонам, чӣ хел ман он духтарро ба оғӯш гирифтам. Духтар ҳайрон шуд. Гуфтам, духтарамро меоред? Гуфтанд, насиб бошад, ҳатман меояд. Гуфтанд, духтаратон сиҳҳату саломат аст. Умедамро аз духтарам канда будам ва гуфтам инашро ҳам аз даст додам."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Вақте Зӯҳро аз Мавсил мегурехт...
Сабзагул Камолова мегӯяд, бори охир бо духтар ва набераҳояш тобистони соли гузашта зимни фирори онҳо аз Мавсил сӯҳбати телефонӣ дошт. Мавсил, яке аз шаҳрҳои бузурги Ироқ моҳи август аз дасти ҷангҷӯёни ДИИШ озод шуд.
Ӯ баъди дидани симои жӯлидаи кӯдакон, ки дар роҳ ба ҷои амн аксбардорӣ шуда буданд, дар ташвишу ҳарос буд ва шабу рӯз аз Худо мехост, сиҳат баргарданд. Зуҳро дар сӯҳбати охираш ба модар гуфтааст, ҳомила аст: “Замони аз маҳалли ҷанг берун шудан 5 ё 6-моҳа ҳомила буд. Гуфт, роҳ гаштан ва давидан душвор аст. Гуфт, дар куҳҳо пои луч мегардем, азоб мекашем. Баъди ҳамин дигар тамосамон қатъ шуд”.
Зӯҳро Хоҷаева, яке аз ду духтари дугоники ин модар аст. Баъди бо як кӯдаки маълул аз шавҳари аввал ҷудо шудан, ӯ бори дувум бо дӯсти бародараш издивоҷ кард. Шавҳари дувуми Зӯҳро, Суннат Шокиров муҳоҷир буд. Соли 2014 Зӯҳро бо 4 фарзанд, бо даъвати шавҳар, ки гӯё дар Туркия кор мекард, ба ин кишвар ва баъдан ба Ироқ рафт. Сабзагул Камолова мегӯяд, он солҳо дар бораи ҷангҳои Сурияву Ироқ хабарҳо кам буд ва ҳеҷ фикр намекард, ки духтару набераҳояшро бо ду дасти худ ба майдони ҷанг мефиристад.
Ӯ гуфт: “Баъди 2 ё 3 моҳ духтарам занг зад, садояш гирифтагӣ буд. Рӯзҳои аввал бисёр гиря мекард. Ҳардуямон мегиристем. Кӯдакон ҳам гап мезаданд, мегуфтанд: “Очаҷон, мора мефора пеши шумо биёем”. Мегуфтанд, он ҷо аз чархболҳо метарсанд, пинҳон мешаванд, фикр мекунанд, ки онҳоро мекушанд.”
Эҳтимоли афви Зӯҳро вуҷуд дорад, агар...
Баъди як соли рафтани духтар, писари ягона ва 30-солаи ин модар Баҳодур Хоҷаев ҳам ба кишвари ҷангзада рафтаву бенишон шуд. Модараш мегӯяд, хабари марги писарашро дарёфт карда буд.
Сабзагул Камолова мегӯяд, баъди ашкрезиву сарзанишҳои ӯ, писараш бо нияти овардани хоҳару кӯдаконаш рафт ва аз худ дар Тоҷикистон ду ятим гузошт.
“Сарзанишаш мекардам, шояд барои ҳамин бача гурехту рафт. Мегуфтам, ки "домодро ту ёфтӣ, духтарамро ба хона баргардон". Мегуфтам, дигар дар ин дунё ман ягон орзу надорам, кӯдаконро баргардон. Русия меравам гуфт ва баромада рафт. Баъд, вақте аз он ҷо занг зад, гуфтам, "Баҳодур, ҳеч чиз даркор нест, худат гурезу биё". Гуфт, "очаҷон, як коре мешавад, як рӯз мебинӣ, бо кӯдакон аз дар медароем", – мегӯяд Сабзагул Камолова.
Мақомот соли 2016 нисбат ба домод, писар ва духтари ин хонавода бо иттиҳоми “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва онҳо таҳти пайгард қарор доранд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири кӯдакони ноболиғ доштан ва фароҳам овардани заминаи бозгашти ин хонавода ба Тоҷикистон, имкони қонунии аз феҳрасти исми афроди мавриди пайгард берун кардани Зӯҳро Хоҷаева вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, феълан барои баргардонидани афроде мисли Зӯҳрову фарзандонаш аз Ироқ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти Ироқ дар тамос ҳастанд.
ВКХ: Мо бо Ироқ дар тамосем
Дар Раёсати иттилоооту матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дипломатҳои тоҷик барои баргардонидани занону кӯдакон аз Ироқ бо ҳукумати ин кишвар дар тамос ҳастанд.
“Қароргоҳи сафири Ироқ дар Тоҷикистон дар Остона ҳаст. Барои ҳамин мо барои баргардонидани занону кӯдакон бо онҳо ҳамкориро оғоз кардаем,” - гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.
Аксари занону кӯдакони ҷангиёни ДИИШ, ки ҳоло дар паноҳгоҳ ё зиндони Ироқ қарор доранд, санад надоранд. Аз ин рӯ, Вазорати корҳои хориҷиии Тоҷикистон мегӯяд, эҳтимол баргардонидани онҳо тӯл кашад.
Ҳанӯз шумораи дақиқи афроде, ки дар паноҳгоҳ ё дар зиндонҳои Ироқу Сурия қарор доранд, маълум нест. Сентябри соли 2017 Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон гуфт, дар миёни садҳо зану кӯдакони аъзоёни ДИИШ дар паноҳгоҳе дар канори Мосул 31 хонаводаи тоҷикро дидаанд.
Эҳтимол меравад, ки шуморе аз ин занон дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ҳудуди Бағдод нигаҳдорӣ мешавад. Нақам Авада, сухангӯи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх рӯзи 7 феврал аз Бағдод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Бағдод 1500 занону кӯдакони хориҷӣ аз 20 кишвари ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо кӯдакон мебошанд. Бахше аз занҳову кӯдаконашон дар боздоштгоҳои муваққатӣ, кӯдакони бесаробон дар ятимхонаҳо ва дигарон дар муассисаҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд. Авада гуфт, ки муқаррароти Салиби Сурх фош кардани ҳуввияти ин афродро иҷоза намедиҳад ва аз ҳамин хотир аз посух додан ба саволи ин ки дар миёни онҳо чӣ қадар тоҷикон мебошанд, худдорӣ кард.
Вай гуфт, хешовандони ин занону кӯдакон дар Тоҷикистон метавонанд аз роҳи муроҷиат ба дафтари Кумитаи Салиби Сурх дар Душанбе дар бораи ҳуввияти азизонашон суол кунанд ва бо хоҳиши онҳо бидуни огоҳонидани сохторҳои давлатӣ мешавад миёни боздоштшудаҳову наздиконашон робита барқарор кард.
Меланӣ Мархам, сухнагӯи Шӯрои норвежӣ дар Ироқ ҳам рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам бархе аз занону кӯдаконашон дар зиндоне дар Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд.
Ду номаи Салиби Сурх аз Ироқ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2015 гуфт, ки 154 хонаводаи тоҷик ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва дар байни онҳо, 95 писару 67 духтар ҳастанд. Танҳо аз вилояти Суғд 73 хонавода ба Ховари Миёна рафтаанд, ки дар байнашон 80 зан ва 32 духтар будааст.
Баъди суқути Мосул сарнавишти бисёре аз ин хонаводҳо маълум нест. Танҳо сарнавишти занону кӯдаконе маълум мешавад, ки дар урдугоҳҳо ҷамъ омадаанд, дигарҳо паҳну парешон шудаанд ва ҷои буду боши дақиқ надоранд. Баъди шикасти ДОИШ падару модарон ҳам дигар бо онҳо тамос надоранд.
Ҳоло дақиқ нест, ки Созмони Салиби Сурх ба чанд хонаводаи тоҷик аз зинда будани фарзандонашон дар Ироқу Сурия пайғом овардааст. Танҳо моҳи декабр ин созмон номаи Аҳтам Олимов, як ҷавони 28-солаи тоҷикро аз зиндони Ироқ ба хонаводааш расонд.
Масъулини созмони Салиби Сурх мегӯянд, онҳо талош мекунанд, бо кӯмаки кишварҳо дар бозгардонии занону кӯдакон аз Сурияву Ироқ мусоидат кунанд.
Ҳамакнун Сабзагул Камолова, модари 57-солаи тоҷик ҳам, ки тавассути ин созмон аз зинда будани духтараш огоҳ ва ба бозгашти онҳо умедвор шудааст аз мақомоти тоҷик ва созмонҳои байналмилалӣ мехоҳад дар баргардонидани ҷигарбандонаш ба ӯ кумак кунанд. Ӯ ҳоло танҳо аст ва бо майдафурушӣ ва ҳунари дасташ рӯз мегузаронад. Мегӯяд, баъди рафтани ду фарзанд, дигар бемору одамгурез шудаву бештар вақтшро дар кунҷи хона мегузаронад.