“Хӯроки чорво гарон аст, нархи гӯшт чӣ хел арзон шавад?”
Ба бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд бештар барои харидани гӯшти арзон меоянд. Як ҳафта пеш раиси тозатаъйини вилоят дастур дод, ки дар бозорҳо нархи гӯштро поин бибаранд. Дастури поин овардани нархи он сокинони шаҳри Хуҷандро хушҳол кард, аммо ин супориш ба нархи гӯшт таъсири чандоне нагузоштааст. Назари харидорон бо роҳи дастуру супориш ба танзим даровардани нархи гӯшт дар бозор яксон нест. Бархе ин иқдомро дуруст медонанд, бархеи дигар ба иҷрои доимии он шубҳа мекунанд. “Арзон нигоҳ доштани нархи гӯшт ба гумон аст. Чунки хӯроки чорво хеле гарон аст. Дар ин ҳолат нархи гӯштро чӣ хел арзон дошта мешавад?” – гуфт яке аз тоҷирон.