Пайвандҳои дастрасӣ

Мулло Ҳайдар: “Шарт аст, ки дар паҳлӯи ҳар хона як масҷид бошад?” ВИДЕО


Мулло Ҳайдар Шарифзода
Мулло Ҳайдар Шарифзода

Муллоҳайдар Шарифзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва аз рӯҳониёни шинохта, аз фазои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ситоиш кард. Ӯ охири ҳафтаи гузашта дар як суҳбати кӯтоҳи видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки интиқоди баъзе афроду созмонҳои байналмилалӣ дар бораи маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар кишвар дуруст нест.

Вақте масҷидҳо дар макони дур ҳастанд, як-ду қадам мезанед, хунатон ба ҳаракат медарояд, гуноҳатон бахшида мешавад, савоб мегиред.

“Озодиҳои динӣ барои ҳама қишри ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон таъмин аст. Ба фарқ аз 10 соли пеш ҳоло масҷидҳо пури намозгузор ҳастанд”, - афзуд ӯ.

Ин ҳарфҳои Мулло Ҳайдар Шарифзода дар посух ба паёми дипломати амрикоӣ баён шуд, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз кори гурӯҳҳои динии, ба қавли ӯ, осоишта ва эҷоди баъзе маҳдудият дар пӯшиши мазҳабӣ ва манъи рафтани то ҳаждаҳсолаҳо ба масҷид интиқод кард. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, рӯзи 16-уми январ гуфта буд, “чунин иқдом боис ба нигаронист”.

Масҷиди марказии шаҳри Душанбе
Масҷиди марказии шаҳри Душанбе

Мулло Ҳайдар Шарифзода ҳоло 72 сол дорад ва дар солҳои 90-ум як узви фаъоли порлумон ва тарафдори ҳукумат буд. Ҳоло дар масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб имом-хатиб аст ва мегӯяд, “аз зиндагиву кори худ розист”.

Ин рӯҳонии тоҷик соли 2012 дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, тарафдори кам шудани шумори масҷидҳо дар кишвар аст. Аз ӯ пурсидем, ки дар давоми чаҳор соли баъди ин суҳбат даҳҳо масҷид ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ ё биноҳои бидуни санади расмӣ баста шуданд ё ба хона ва ё чойхонаву коргоҳ табдил ёфтанд. Оё ҳанӯз ҳам ба мавқеи пешинаи худ боқист?

Мулло Ҳайдар Шарифзода: “Инки паёмбари ислом гуфтааст, масҷидҳоро дур бигиред, бисёр ҳикмати бузург дорад. Шарт аст, ки дар бехи дари хонаи ҳар кас як масҷид бошад? Вақте масҷидҳо дар макони дур ҳастанд, як-ду қадам мезанед, хунатон ба ҳаракат медарояд, гуноҳатон бахшида мешавад, савоб мегиред. Ҳоло бубинед масҷидҳо аз ҷавонон пур ҳастанд. Ҳама бо пойи таҳорат меоянд, чӣ гуна маҳдудият аст? Ҳоло вазъ беҳтар аст ва ба ҳамаи масҷидҳо раведу бинед, ки чӣ қадар аз намозгузорон пур аст.”

Мулло Ҳайдар Шарифзода дар солҳои 90-ум узви порлумони Тоҷикистон буд. Аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ зуд-зуд зоҳир мешуд ва дар ҷаласаҳои порлумонӣ дар микрофони 6-ум дар баробари ҳар суханронӣ ва иддаои Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши “Растохез” ҳарф мезад.

Назари Мулло Ҳайдар Шарифзода, Мулло Абдураҳим ва таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизодаро дар бораи вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистон дар ин гузориши видеоӣ бибинед:

Мулло Ҳайдар Шарифзода дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

XS
SM
MD
LG