Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ҷомаву ҷелак ба порлумон


Дотсенти Донишгоҳи миллӣ ва муовини раиси Маркази технологияҳои инноватсионии Узбакистон Миряъқуб Ҳайдаров пешниҳод кардааст, ки дар асоси анъанаҳои миллӣ барои вакилони порлумони ин кишвар қоидаи либоспӯшӣ таҳия ва ҷорӣ карда шавад.

Ҳайдаров мегӯяд, вакилони порлумони Узбакистон бояд либосҳои аврупоӣ напӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мардумӣ бояд бо либоси миллӣ ба кор раванд. Барои намуна дар тобистон ҷелак ва дар зимистон ҷома пӯшанд.

"Либоси аъзои Маҷлиси намояндагон бояд миллӣ бошад ва либоси аъзои палатаи болоиро бояд маҷлисҳои вилоятӣ муайян кунанд. Онҳо либоси миллии минтақаеро бипӯшанд, ки онро намояндагӣ мекунанд. Барои намуна, либоси мардуми Фарғона аз сокинони Сурхандарё ё Хоразм фарқ мекунад", - навиштааст Ҳайдаров дар матлаби худ, ки 8-уми январ дар сомонаи Podrobno.uz. нашр шуд. Ба гуфтаи вай, узбакҳо бояд ба анъанаҳои миллии худ баргарданд ва ин корро нахуст бояд вакилони порлумон оғоз кунанд.

"Агар бо қабули қонуне барои тамоми вакилон либоси миллӣ ҷорӣ мекарданд, симои порлумон тамоман дигар мегашт. Барои намуна агар либоси тобистона ҷелак ва зимистона ҷома муайян мешуд, он на танҳо ба тағйири тарзи тафаккури вакилон, балки ба дарки тарзи либоси тамоми қишрҳои сокинон ҳам мусоидат мекард", - афзудааст Ҳайдаров.

XS
SM
MD
LG