Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе бозиҳои кӯдакон, ғизоҳои маҳаллии тоҷикон дар ҳоли нобудшавӣ


Бо ҳадафи ҳифз ва муаррифии суннат ва анъанаҳои мардуми тоҷик китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” нашр шуд, ки суннатҳои нодири миллӣ дар ҷой гирифтаанд.

Китоби мазкур маҳсули натиҷаи таҳқиқоти олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аст, ки дар асоси маводи бойгонии пажӯҳишгоҳ, адабиёти чопшуда ва маводи тозаи мардумшиносию санъатшиносӣ ба дастомада бо ду забон тоҷикӣ ва англисӣ таълиф шудааст.

Дилшод Раҳимӣ
Дилшод Раҳимӣ

Муаллифи китоб Дилшод Раҳимӣ - фолклоршинос ва муовини мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз зарурати нашри ин китоб ва шеваи ҳифзи суннати фарҳанги мардуми тоҷик суҳбат кард.

Дилшод Раҳимӣ: Ҳадафи таълифи ин китоб, тарғиби фарҳанги суннати мардуми тоҷик ба ҷаҳониён аст. Дар доираи конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки Тоҷикистон шомили он аст, ҳар кишвари узви конвенсия бояд фарҳанги ғайримоддии худро ҳифз кунад ва тадқиқотҳо анҷом дода дар рушду таблиғи он саҳм гузорад. Яъне яке аз талаботҳои конвенсияи ЮНЕСКО ҳамин аст. Китоб аз ҳафт бахш иборат буда, фарогири унсурҳои анъанаи шифоҳӣ, санъати иҷроӣ, ҷашну маросимҳои анъанавӣ, донишҳои суннатӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ, касбу ҳунарҳои анъанавӣ, хӯрокҳои суннатӣ ва варзиши суннатӣ- бозиҳои бачагона мебошанд.

Радиои Озодӣ: Дар ин китоб чӣ кадом расму русум ва ойинҳои фарҳангӣ ҷамъ оварда шудаанд?

Дилшод Раҳимӣ: “Беш аз 115 намунаи фарҳанги мардум зикр шудааст, ки аз миёни он танҳо ҷашни «Навруз» ва дар номинасияи хурокҳои миллӣ «Оши палав» ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудааст. Ҳамчунин соли гузашта мо санъати «Чакандузӣ»-ро ҳамчун гулдӯзии тоҷикон пешниҳод кардем.

Палави тоҷикӣ
Палави тоҷикӣ

Радиои Озодӣ: Шомил шудани ду ё се фарҳанги миллӣ барои Тоҷикистон ё тоҷикон, ки таърихи чандҳазорсола доранд кам нест?

Дилшод Раҳимӣ: “Бояд гӯям, ки ЮНЕСКО дар як сол аз ҳар як кишвар як номинатсияро қабул мекунад. Мо наметавонем, ки якбора панҷ фарҳанги миллиро пешниҳод кунем. Аммо бозам имкон дорад, муштарак бо кишварҳои дигар, ки унсури фарҳанги монанд бо моро доранд якҷо пешниҳод кард.

Радиои Озодӣ: Ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид кардани мероси фарҳанги ғайримоддӣ чӣ шартҳо дорад?

Дилшод Раҳимӣ: “Гуфтан мумкин аст, ки дар шакли номинатсия пешниҳод кардани ин ё он фарҳанги миллӣ ба ЮНЕСКО заҳмати бисёр металабад. Чун рӯйхати зиёди ҳуҷҷатҳоро бояд омода кард саволномаҳое дорад, ки хеле мушахас бояд навишта шавад, албатта бо забони англисӣ ва фаронсавӣ. Филми махсус бояд таҳия шавад ва аксҳои тозаву ҳирфавӣ аз миёни мардум бардошта шавад. Ҳамин тавр барои он ки як номинатсия ба ЮНЕСКО пешниҳод шавад, бояд як гурӯҳи корӣ ҳудуди шаш моҳ фаъолият кунад.

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт ки маҳз аз ҳамин китоб ба номинатсияҳои ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд?

Дилшод Раҳимӣ: Албатта метавонад, аммо ин китоб ба он мақсад нест ки барои пешинҳоди ин ё он унсури фарҳангӣ замина бошад. Дуруст, ки ин як адабиёт аст, вале мо ду дафъа дар пажӯҳишгоҳ феҳристи миллии мероси ғайримоддиро омода кардем ки ҳамчун ҳуҷҷат – китоб дар вазорати фарҳанг тасдиқ ва чоп шудааст. Дар он 515 номгуйи унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ сабт шудааст. Ин феҳрист дар ду сол як маротиба такмил мешавад.

Радиои Озодӣ: Метавонед, бигӯед, ки ҳоло кадом суннатҳои мардумӣ дар ҳолати нестӣ қарор доранд?

Чакандӯзӣ хоси ҷануби Тоҷикистон аст.
Чакандӯзӣ хоси ҷануби Тоҷикистон аст.

Дилшод Раҳимӣ: Ман метавонам аз чандин ҳунарҳои мардумӣ мисол биёрам. Ҳунари «рағзабофӣ» хоси мардуми як деҳаи кӯҳистонии Данғара аст, ки ва фақат ҳаминҷо боқӣ мондааст. Яъне аз пашми гӯсфанд матоъҳои дурушт мебофтанд ва аз он барои омода кардани хаймаҳо низ истифода мебурданд ва ё ба аспу хар хӯрҷин медӯхтанд. Ҳамчунин ҳунари «чакмандузӣ» дар Ғончӣ ва Истаравшан ҳам дигар кам дида мешавад. Дар ин баробар хӯрокҳои миллие, ки хоси фарҳанги миллӣ буд, ҳоло дар минтақаҳо дар доираи маҳдуд таҳия мешаванду тамом. Барои мисол дар Восеъ хӯроке буд, бо номи «Сабзакоб» ё дар Бадахшон буд «Ношхупа» ҳоло на ҳама онро медонанд. Дар ин китоб маълумот дар бораи онҳоро нашр кардем то аз байн нараванд ва фаромӯш нашаванд.

Дилшод Раҳимӣ: "Баъзе бозиҳои тоҷикӣ мемиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо дар ин китоб дар як бахш аз бозиҳои бачагон ки дар қадим маъмул ёдовар шудед. Ба андешаи бисёриҳо, ҳоло кӯдакон аз бозиҳои анъанавӣ, ба вижа бозиҳои фикриву зеҳнӣ дур шудаанд. Кадом бозиҳоро кӯдакони имрӯз фаромӯш кардаанд?

Дилшод Раҳимӣ: Бале, дуруст мегӯед. Шахсан ман чанд соли ахир ба ҷамъоварии намунаи бозиҳои бачагона машғулам, аксбардорӣ мекунам, наворҳои видеоӣ низ дорам, то имрӯз ҳудуди 360 бозиро сабт кардам, ҳам аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳам аз миёни мардум. Аз ин теъдод бозиҳо кам нестанд бозиҳои бачагона, ки аллакай фаромӯш шудаанд.

Барои мисол дар Ҳисор бозии «Чӯбкаллабозӣ», дар ноҳияи Мӯъминобод «Зоғобу» дар Ашт «Дулупия» ки бо тӯб бозӣ мекунанд. Бубинед ин қадар бозиҳое зебое, ки буданд, қариб аз миён рафтанд. Агар мо онҳоро китоб накунем, албом накунем, фаромӯш мешаванд. Шояд аз миёни инҳо, бозиҳоеро ки ба зеҳну равонӣ кӯдак мусоидат мекунад, ба шакли дастурамал ба чоп расонем ва дар муассисаҳои таълимӣ дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва фориғ аз он истифода намоянд.

XS
SM
MD
LG