Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарраёсати марзбонӣ ба Шаҳбол 40 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ дод


Шаҳбол Мирзоев.
Шаҳбол Мирзоев.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонӣ, ки соли 2014 дар артиш маъюб шуда буд, дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ зарари маънавию моддӣ пардохт кард. Аммо наздикони Шаҳбол мегӯянд, ки аз ин маблағ розӣ нестанд ва дубора шикоят хоҳанд бурд.

Дафтари матбуоти Сараёсати сарҳадбонии Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар авохири моҳи гузашта аз тариқи "Амонатбонк" маблағи зарари маънавӣ ва моддӣ, ки маҷмӯан 40 ҳазор сомониро, ки додгоҳ қарор кард, ба Шаҳбол фиристоданд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе 22-юми ноябри соли гузашта Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро муваззаф карда буд, ки ин миқдор маблағро ба Шаҳбол Мирзоев пардохт кунад.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев панҷшанбеи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта санади пардохтро дарёфт намуд ва аз бонк маблағро хоҳад гирифт. Вале вай афзуд, ин маблағ ночиз буда, дубора шикоят хоҳанд бурд. Вай афзуд, Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду сол боз қарори додгоҳи низомиро дар бораи пардохти як миқдор ҷубронпулӣ барои муолиҷаи ин сарбоз иҷро намекунад.

Дар қарори Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз моҳи майи соли 2015 гуфта шуда буд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. “Фарзанди ман тайи ин чанд сол дар рӯи ҷойгаҳ аст ва бо вуҷуди табобатҳои зиёд ҳанӯз ҳам роҳ гашта наметавонад ва бо ин маблағ ман чӣ метавонам кунам. Агар ба умеди сарҳадбонӣ менишастам, намедонам ба фарзанди чӣ мешуд”.

Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдершери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Дар ин муддат Шаҳбол Мирзоев аввал дар бемористонҳои Тоҷикистон ва баъдан дар як шифохонаи Русия ҷарроҳӣ ва муолиҷа шуд. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол мегӯяд, аз замони латту кӯб то кунун фарзандаш таҳти назорати пизишкон қарор дошта, тамоми харҷи табобатро худаш додааст.

Шаҳбол Мирзоев яке аз сарбозонест, ки қурбонии бадрафторӣ дар артиш ё дедовшина шудааст. Дар давоми се соли гузашта Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва Эътилофи зидди шиканҷа аз марги 8 сарбоз дар артиш гузориш доданд, ки бархе аз онҳо қурбонии бадрафтории ҳамхизматон шудаанд.

XS
SM
MD
LG